Open menu Close menu
Навсозиҳои иҷтимоӣ дар Осиёи Марказӣ
Рушди фаъол ва муассири ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Осиёи Марказӣ

Хазинаи Евразия кӯшиш дорад қисми ҷаҳоне бошад, ки дар он ҳамаи одамон имконияти татбиқи қудрату тавоноии худро дошта бошанд ва ҷомеаи худро дигаргунии созанда бахшида тавонанд.

Фаъолияти асосии мо

Participate in Networking Camps page
Сарварии ҷавонон
Барои маълумоти бештар Барои маълумоти бештар
Research and Policy Advocacy page
Тадқиқоти амалӣ ва тарғиботи манфиатҳо
Барои маълумоти бештар Барои маълумоти бештар
Collaboration and Innovation page
Ҳамкорӣ ва навовариҳо
Барои маълумоти бештар Барои маълумоти бештар
Non-Governmental Organizations page
Мактаби омузиши сиёсй
Барои маълумоти бештар Барои маълумоти бештар
SICA Grants SICA Grants

Ҳикояҳои муваффақият

Farrukh Umarov at a conferenceVladislav at EcoCashBack premisesDebate.kz project team posing for a photoExpanding Youth Employment
Ҷавони фаъол истеъдодҳои нави IT-ро дар Тоҷикистон ба вуҷуд меорад
Фаррух Умаров аз Тоҷикистон хатмкардаи Донишгоҳи Оксфорд ва муассиси Маркази “Acceleration Skills Ilmhona” аст. Ӯ дар Истаравшан, як шаҳраке дар шимоли Тоҷикистон, дар хонаводаи муҳоҷири меҳнатӣ ба дунё омадааст. Падараш мисли садҳо ҳазор тоҷик, замоне, ки Фаррух ҳамагӣ 10 сол дошт, ба Русия барои кор муҳоҷират кардааст.
Баргардон ва маблағ ба даст ор, ва ё чӣ тавр сокинони деҳотро ба коркарди партов метавон одат кунонд
Аксарияти одамон бесаброна фарорасии мавсими гарми солро интизоранд ва ҳама чизеро, ки аз ҳавои хуб умед карда метавонанд, орзу доранд, аммо на Владислав. Гап дар он аст, ки Владислав дар наздикии партовгоҳи шаҳр зиндагӣ мекунад ва маҳз дар мавсими гарм, вақте ки партовҳо дар зери офтоби тафсон пусида, бӯйи баде мебароранд, Владислав ва ҳамсоягонаш маҷбуранд ба он тоб оваранд, зеро бо ин бӯйи бад коре карда наметавонанд. "Дар чунин шароит зиндагӣ кардан хеле душвор аст" иқрор мешавад ӯ. "Мавриде фаро мерасад ва шахс мефаҳмад, ки бояд амале кард ва чизеро тағйир дод."
Debate.kz барои ҷавонони қазоқзабон имкониятҳои нав мекушояд
Жандос Мейрманов аз шаҳри Қарағанда - як шаҳри саноатӣ дар маркази Қазоқистон аст. Жандос дар кӯдакӣ дар мактаби қазоқӣ таҳсил дошт ва дар хона бо қазоқӣ муошират мекард. Дар донишгоҳ ӯ ба маҳфили мубоҳисавӣ шомил шуд, то маҳорати муошират, баҳсу мунозира ва ҳалли мушкилотро такмил диҳад. Аммо мушкилот дар он буд, ки мубоҳисаҳои маҳфил танҳо ба забони русӣ сурат мегирифтанд.

"Ман фаҳмидам, ки дар Қазоқистон маҳфилҳои мубоҳисавӣ бо забони қазоқӣ қариб ки вуҷуд надоранд" - мегӯяд Жандос. “Мубоҳисаҳо ба рушд ва инкишофи ман таъсири бузург расониданд. Аммо агар ман ба забони русӣ ҳарф намезадам, ба ин ноил шуда наметавонистам. Тафаккури интиқодӣ, малакаҳои муошират ва шуури шаҳрвандӣ – мо бояд ҳамаи ин малакаҳоро бо забони қазоқӣ низ амалӣ кунем».

Набудани майдончаҳои мубоҳисавӣ бо забони қазоқӣ аз мушкилоти васеътари Қазоқистон - маҳдуд будани захираҳои таълимӣ бо забони қазоқӣ шаҳодат медиҳад. Ин боиси нобаробарии таълимӣ ва касбӣ байни ҷавонони қазоқзабон ва русзабон мегардад, бахусус дар деҳот, ки забони қазоқӣ онҷо бартарият дорад.

Соли 2020 Жандос ба Академияи сарварии ҷавонони Осиёи Марказӣ (CAYLA) дар доираи барномаи Инноватсияҳои иҷтимоӣ дар Осиёи Марказӣ (SICA), ки аз ҷониби USAID маблағгузорӣ мешавад, бо мақсади ба даст овардани донишҳои нав барои ҳалли ин мушкилот рӯ овард. Дар доираи таҳсилаш дар академияи CAYLA, ӯ ғолиби Гранти сарвари ҷавонон шуд ва лоиҳаи “Debate.kz”-ро оғоз кард, ки ҳадафаш ба ҷавонони қазоқзабони деҳотӣ таълим додани технологияҳои мубоҳисавӣ мебошад.

«Мубоҳисаҳо ба ҷавонони Қазоқистон на танҳо барои шиносоӣ бо мушкилоти иҷтимоӣ, балки барои эҳсос намудани ширкати худ дар онҳо кӯмак мекунанд. Онҳо як воситаи муҳим барои ташаккули сарварони ояндаи ҷомеа мебошанд", - мегӯяд Жандос.
Лоиҳаи "Касбҳои умедбахши оянда" мушкилоти бекории ҷавонони Қазоқистонро ҳал мекунад
Самал Рахатова дар донишгоҳ дар риштаи SMM (Social Media Management), яъне - Менеҷменти васоити ахбори иҷтимоӣ таҳсил кардааст, аммо пас аз хатми донишгоҳ барои дарёфти ҷои кор аз рӯи ихтисос ба мушкилӣ дучор омадааст. Аз ин ру, вай маҷбур шудааст, ки дар дигар бастҳо кор кунад, вале аз фаъолияти худ дар ин самтҳо натавонистааст қаноатмандӣ эҳсос намояд. Ниҳоят ӯ аз кор рафтааст ва воқеан бекор мондааст, то он даме, ки лоиҳаи "Касбҳои умедбахши оянда"-ро, ки аз ҷониби барномаи Навовариҳои иҷтимоӣ дар Осиёи Марказӣ (SICA) дастгирӣ гардида, аз ҷониби USAID сарпарастӣ мешавад, дарёфт накард.

«Дастгирии ташаббусҳо» - созмони ҷомеаи шаҳрвандӣ воқеъ дар шаҳри Қизилӯрдаи Қазоқистон буда, лоиҳаи «Касбҳои умедбахши оянда»-ро оғоз бахшидааст. Ҳадафи лоиҳа мусоидат ба ҳалли мушкилоти бекории ҷавонони Қазоқистон мебошад. Бояд қайд кард, ки аз соли 2020 сатҳи бекорӣ дар Қазоқистон ба таври назаррас афзоиш ёфт. Тавре Самал қайд мекунад, бисёре аз хатмкунандагони донишгоҳҳо муддати тӯлонӣ дар ҷустуҷӯи кор буданд ва бинобар нарасидани ҷойҳои корӣ маҷбур шуданд, ки берун аз ихтисоси худ кор кунанд. Ҳамин тариқ, тибқи омор, аз 18 406 нафаре, ки барои дарёфти кор ба Маркази шуғли аҳолии шаҳри Қизилӯрда муроҷиат кардаанд, танҳо 8 ҳазору 441 нафар тавонистаанд ба таври расмӣ бо ҷои кор таъмин шаванд.

Гурӯҳи «Дастгирии ташаббусҳо» тасмим гирифт, ки барои ҳалли ин масъалаҳо мусоидат кунад. Тавассути Гранти ҳалли инноватсионии SICA (Innovative Solutions Grant SICA), созмон курсҳои махсуси омӯзишӣ ва такмили ихтисосро оид ба касбҳои калидии рақамӣ, ки дар пасманзари пандемияи COVID-19 талабот ба онҳо зиёд аст, таъсис дод. Ин курсҳо, масалан, тренингҳоро оид ба идораи шабакаҳои иҷтимоӣ (SMM), аксбардории телефони мобилӣ, дизайни графикӣ ва ғайраро пешниҳод мекунад.

Самал яке аз аввалинҳо шуда ба курсҳои SMM дохил шуд ва тавассути он стратегияҳои пулкоркуниро бо истифода аз платформаҳои интернетӣ омӯхт. То охири курс Самал тавонист тақрибан 300 000 танга ба даст орад.
Тренингҳои омӯзиши касбии маъюбон дар Қазоқистон
Коршиносони рушди институтсионалии SICA ба Зоҳира Бегалиева ва ҳаммаслакони ӯ дар навсозии рисолати созмон кӯмак карданд, ки ин ба бунёди муносибатҳои нави шарикӣ ва ҷалби донорҳо мусоидат кард.

Зоҳира Бегалиева муддати зиёд дар Қазоқистон ҳуқуқҳои маъюбонро пешбарӣ карда, тавассути маркази рушди салоҳияти ITeachMe ҷиҳати бо кор таъмин намудани онҳо кӯмак мерасонад. Вай аҳамияти дастрасӣ ва фарогириро хуб медонад, зеро худаш гирифтори бемории узвҳои мушакӣ мебошад. «Ҳаёти шахси маъюб пайваста ба монеаҳо ҳамсафар аст. На ҳамеша мо метавонем ба ҷои дилхоҳ биравем ва дар ҷое, ки мехоҳем кор кунем, зеро на дар ҳама ҷо пандус ва ё инфрасохтори зарурӣ мавҷуд аст”, - мегӯяд Зоҳира.

Даурен, фарзанди Зоҳира, ки донишҷӯи риштаи IT аст, модарашро илҳом бахшид, ки курсҳои муосири онлайн омӯзиширо барои маъюбон оғоз кунад. "Мо интернет дорем", гуфта буд Даурен он вақт ба модараш. "Ин худ як платформаи дорои имкониятҳои беохир аст."

Аммо новобаста аз тамоми имконоти интернет, дар аввал барои Зоҳира расидан ба аудиторияи мавриди ҳадафи худ хеле мушкил буд. Аз ин рӯ, вай барои дастгирӣ ба Барномаи рушди институтсионалӣ (Institutional Development Program), ки аз ҷониби Барномаи «Навовариҳои иҷтимоӣ дар Осиёи Марказӣ (SICA) сарпарастӣ гардида, аз ҷониби USAID маблағгузорӣ мешавад, муроҷиат кард.

Бо мо тамос гиред:

Оид ба ҳамаи масъалаҳои дигар:

Алмаато, Қазоқистон
Хиёбони Сейфуллин, 609
Ошёнаи 3, Маркази соҳибкории “Форум”

error icon

Номи худро ворид кунед

error icon

Суроғаи почтаи электронии дурустро ворид кунед

error icon

Паёми худро ворид кунед

Сипос!