Open menu Close menu

Ҳикояҳои муваффақияти SICA

Debate.kz барои ҷавонони қазоқзабон имкониятҳои нав мекушояд

Жандос Мейрманов аз шаҳри Қарағанда - як шаҳри саноатӣ дар маркази Қазоқистон аст. Жандос дар кӯдакӣ дар мактаби қазоқӣ таҳсил дошт ва дар хона бо қазоқӣ муошират мекард. Дар донишгоҳ ӯ ба маҳфили мубоҳисавӣ шомил шуд, то маҳорати муошират, баҳсу мунозира ва ҳалли мушкилотро такмил диҳад. Аммо мушкилот дар он буд, ки мубоҳисаҳои маҳфил танҳо ба забони русӣ сурат мегирифтанд.

"Ман фаҳмидам, ки дар Қазоқистон маҳфилҳои мубоҳисавӣ бо забони қазоқӣ қариб ки вуҷуд надоранд" - мегӯяд Жандос. “Мубоҳисаҳо ба рушд ва инкишофи ман таъсири бузург расониданд. Аммо агар ман ба забони русӣ ҳарф намезадам, ба ин ноил шуда наметавонистам. Тафаккури интиқодӣ, малакаҳои муошират ва шуури шаҳрвандӣ – мо бояд ҳамаи ин малакаҳоро бо забони қазоқӣ низ амалӣ кунем».

Набудани майдончаҳои мубоҳисавӣ бо забони қазоқӣ аз мушкилоти васеътари Қазоқистон - маҳдуд будани захираҳои таълимӣ бо забони қазоқӣ шаҳодат медиҳад. Ин боиси нобаробарии таълимӣ ва касбӣ байни ҷавонони қазоқзабон ва русзабон мегардад, бахусус дар деҳот, ки забони қазоқӣ онҷо бартарият дорад.

Соли 2020 Жандос ба Академияи сарварии ҷавонони Осиёи Марказӣ (CAYLA) дар доираи барномаи Инноватсияҳои иҷтимоӣ дар Осиёи Марказӣ (SICA), ки аз ҷониби USAID маблағгузорӣ мешавад, бо мақсади ба даст овардани донишҳои нав барои ҳалли ин мушкилот рӯ овард. Дар доираи таҳсилаш дар академияи CAYLA, ӯ ғолиби Гранти сарвари ҷавонон шуд ва лоиҳаи “Debate.kz”-ро оғоз кард, ки ҳадафаш ба ҷавонони қазоқзабони деҳотӣ таълим додани технологияҳои мубоҳисавӣ мебошад.

«Мубоҳисаҳо ба ҷавонони Қазоқистон на танҳо барои шиносоӣ бо мушкилоти иҷтимоӣ, балки барои эҳсос намудани ширкати худ дар онҳо кӯмак мекунанд. Онҳо як воситаи муҳим барои ташаккули сарварони ояндаи ҷомеа мебошанд", - мегӯяд Жандос.

Debate.kz project team posing for a photo

Аз замони ифтитоҳи “Debate.kz”, яъне муддати ду сол инҷониб Жандос ва гурӯҳи ӯ ба 300 донишҷӯ ва 40 омӯзгор оид ба тафаккури интиқодӣ ва маҳорати мубоҳиса намудан таълим додаанд. Зиёда аз ин, онҳо дарсҳои видеоӣ ва дастури таълимии аз тарафи шуъбаи маорифи вилояти Қарағанда маъқул дониста шударо тартиб доданд. Лоиҳа ҷиҳати рушди беш аз 30 клуби мубоҳисавии вилоятҳои Қарағанда, Туркистон ва Атирау, ки зиёда аз 600 нафар аъзои фаъолро ҷалб кардаанд, мусоидат намуд. Дар навбати худ клубҳо шаш мусобиқаи мубоҳисавии байниминтақавиро дар мавзӯоти гуногуни иҷтимоӣ гузарониданд.

"Мубоҳисаҳо ба ман кӯмак карданд, ки ба худ ва ақидаҳои худ эътимоди бештар дошта бошам”, - мегӯяд Серикбай Бибигулсим, хонандаи мактаби миёна аз Қарағанда, ки дар мусобиқаи “Debate.kz” ширкат дошт. “Маҳорати мубоҳисаҳои бодалели ман ба маротиб беҳтар шуд. Ҳангоми тайёрӣ ба мусобиқа, ман мушкилоти дар кишвар ҷойдошта ва умуман тамоми ҷаҳонро хубтар сарфаҳм мерафтам. Ҳоло ману дӯстонам тасмим гирифтаем дар мактаби худ маҳфили мубоҳисавӣ кушоем».

Ин ҷунбиш пуштибонии густурдаро аз тарафи давлат низ ба даст овард: Асхат Аймагамбетов, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Қазоқистон мубоҳисаро “на танҳо бозии нақшофарини зеҳнӣ, балки як технологияи воқеии таълимӣ” номид. Вазир инчунин таъкид кард, ки “муваффақият дар мубоҳисаҳо аз вазъи иҷтимоии оила ва ё ҷойи таваллуд вобаста нест. Чизи асосӣ дар ин масъала ҷаҳонбинии инсон, хислатҳои ӯ, майлу хоҳиш ва қобилияти ҳифз карда тавонистани мавқеи худ мебошад”.

Debate.kz participants

Аз натиҷаҳои лоиҳаи худ дар Қарағанда илҳом гирифта, Жандос ғолиби SICA «Гранти ҳалли инноватсионӣ» гардид, то лоиҳаи худро дар миқёси ҷумҳуриявӣ густариш диҳад. Ҳоло ӯ ҷиҳати рушди ҷомеаи мубоҳисавӣ дар саросари Қазоқистон кор мебарад.

"Вақте ҷавонон беадолатиро эҳсос мекунанд, бояд дар ин бора эълом дошта тавонанд", - мегӯяд Жандос. "Муҳим он аст, ки онҳо тавонанд нуқтаи назари худро дар бораи беадолатӣ дар соҳаи маориф, экология, тиб ва дигар чизҳо баён кунанд. Бо ёрии Debate.kz онҳо имкон доранд маҳз ҳамин чизҳоро омӯзанд».

Лоиҳаи USAID ташаббусҳои соҳаи тандурустиро дар минтақаи офатҳои экологӣ дастгирӣ мекунад
Learn more Learn more
Хатмкардаи Мактаби тадқиқоти сиёсӣ, ки аз ҷониби USAID маблағгузорӣ мешавад, барои 200 нафар донишҷӯён курси ройгон оид ба низоми хариди давлатиро оғоз мекунад
Learn more Learn more

Бо мо тамос гиред:

Оид ба ҳамаи масъалаҳои дигар:

Алмаато, Қазоқистон
Хиёбони Сейфуллин, 609
Ошёнаи 3, Маркази соҳибкории “Форум”

error icon

Номи худро ворид кунед

error icon

Суроғаи почтаи электронии дурустро ворид кунед

error icon

Паёми худро ворид кунед

Сипос!