Open menu Close menu

Ҳикояҳои муваффақияти SICA

Тренингҳои омӯзиши касбии маъюбон дар Қазоқистон

Коршиносони рушди институтсионалии SICA ба Зоҳира Бегалиева ва ҳаммаслакони ӯ дар навсозии рисолати созмон кӯмак карданд, ки ин ба бунёди муносибатҳои нави шарикӣ ва ҷалби донорҳо мусоидат кард.

Зоҳира Бегалиева муддати зиёд дар Қазоқистон ҳуқуқҳои маъюбонро пешбарӣ карда, тавассути маркази рушди салоҳияти ITeachMe ҷиҳати бо кор таъмин намудани онҳо кӯмак мерасонад. Вай аҳамияти дастрасӣ ва фарогириро хуб медонад, зеро худаш гирифтори бемории узвҳои мушакӣ мебошад. «Ҳаёти шахси маъюб пайваста ба монеаҳо ҳамсафар аст. На ҳамеша мо метавонем ба ҷои дилхоҳ биравем ва дар ҷое, ки мехоҳем кор кунем, зеро на дар ҳама ҷо пандус ва ё инфрасохтори зарурӣ мавҷуд аст”, - мегӯяд Зоҳира.

Даурен, фарзанди Зоҳира, ки донишҷӯи риштаи IT аст, модарашро илҳом бахшид, ки курсҳои муосири онлайн омӯзиширо барои маъюбон оғоз кунад. "Мо интернет дорем", гуфта буд Даурен он вақт ба модараш. "Ин худ як платформаи дорои имкониятҳои беохир аст."

Аммо новобаста аз тамоми имконоти интернет, дар аввал барои Зоҳира расидан ба аудиторияи мавриди ҳадафи худ хеле мушкил буд. Аз ин рӯ, вай барои дастгирӣ ба Барномаи рушди институтсионалӣ (Institutional Development Program), ки аз ҷониби Барномаи «Навовариҳои иҷтимоӣ дар Осиёи Марказӣ (SICA) сарпарастӣ гардида, аз ҷониби USAID маблағгузорӣ мешавад, муроҷиат кард.

Дар марҳилаи аввал коршиносони барнома ба Зоҳира ва ҳаммаслакони ӯ ҷиҳати навсозии рисолати ITeachMe бо мақсади ба роҳ мондани муносибатҳои шарикӣ ва ҷалби донорҳои нав кӯмак карданд.

“Ҳамон замоне, ки мо рисолати худро тағйир додем, дигаргуниҳои мусбӣ пайваста ба амал меомаданд. Одамон аз соҳаҳои гуногун бо мо тамос мегирифтанд ва пешниҳоди ҳамкорӣ мекарданд”, - мегӯяд Зоҳира.

Тавассути ITeachMe Захира барои одамони маъюб имкониятҳои такмили ихтисос фароҳам меорад, то ба онҳо ҷиҳати фаҳмидани паҳлуҳои рақобатпазирӣ дар бозори меҳнат ва нигоҳдории истиқлолияти молиявӣ кӯмак расонад. Марказ хусусан ба ҷавонони қазоқистонии имконияташон маҳдуд ҷиҳати аз бар кардани соҳаи IT ва дигар касбҳои умедбахш мусоидат менамояд. Бинобар дастгирии зиёда аз дусолаи USAID, 87% хатмкунандагони ITeachMe тавонистанд ҷойи кор пайдо кунанд ё бо соҳибкорӣ машғул шаванд.

Барномаи SICA инчунин ба Зоҳира имкон дод, ки яке аз арзишҳои асосии худро дар ҳаёт дарк кунад, ки ин худомӯзӣ аст. “Танҳо 20% донишро шумо аз мо мегиред; боқимонда ҳама натиҷаи худомӯзии шумост», - қайд мекунад Зоҳира аксар вақт дар сӯҳбат бо иштирокчиёни ITeachMe. Ба гуфтаи вай, маҳз таваҷҷӯҳи барномаи рушди институтсионалӣ ба масъалаҳои сарварӣ ва рушди иқтидори шахс ба ӯ имкон дод, ки барои кормандон ва донишҷӯёни худ сарвари пуриқтидор шавад.

ITeachMe Participants

Пас аз он ки Зоҳира рисолат ва равобити ITeachMe-ро такмил дод, захираҳои SICA ба ӯ мусоидат карданд, ки рисолати созмонро миёни зиёда аз 700 шахсони маъюб дар саросари Қазоқистон тарғиб намояд. Тавре яке аз иштирокчиён Улпан Сапак қайд мекунад, ӯ ифтихор дорад, ки ба шарофати малакаҳои дар ITeachMe ба даст овардааш ҷойи худро ёфта, тиҷорати худро оғоз намуд.

«Дар соли 2020 ман дар бораи фонд тавассути Telegram маълумот гирифтам. Ман фаҳмидам, ки ин як имконияти нодир аст ва онро аз даст додан намехостам. Пас аз ворид шудан ба барнома, ман курси омӯзишӣ гузаштам ва баъд ба ман кор пешниҳод карданд. Ҳоло дар зодгоҳам студияи полиграфии худро дорам ва аз ин хеле шодам”, - мегӯяд Сапак.

“Курсҳои мо тавре ба роҳ монда шудаанд, ки шахс метавонад донишҳои ибтидоии таълими касбиро ба даст орад ва баъдан барои соҳиб шудан ба донишҳои тахассусӣ, мустақилона таҳсилро идома диҳад. Мо инчунин кӯшиш мекунем, ки ҳама соҳаҳои омӯзиширо фаро гирифта бошем. Масалан, мо яке аз камшумор ташкилотҳое дар Қазоқистон ҳастем, ки курсҳои худро бо тарҷумаи имову ишора ҳамроҳӣ мекунанд”, - қайд мекунад Зоҳира.

Имрӯз, курсҳои ITeachMe ба шахсони маъюб имкон медиҳанд, ки малакаҳои касбиро дар 12 самт, аз ҷумла рассомӣ, мобилография (шакли аксбардорӣ дар дастгоҳи мобилӣ), фанҳои илм, техника, муҳандисию математика (STEM) ва барномасозии асосии ҳаракатро азхуд намоянд. Курс аз тренинги семоҳа ва лагери панҷрӯзаи касбӣ иборат аст. Пас аз хатми омӯзиш иЗоҳира қайд мекунад, ки тағйироти мусбати лоиҳаи ӯ ба туфайли барномаи рушди институтсионалии SICA, ки созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандиро барои кор дар самти ҳадафҳои умумӣ, ба мисли қобилияти молиявӣ ва ҷавобгӯ будан ба ниёзҳои баҳрабардорон муттаҳид месозад, сурат гирифт. Маркази рушди салоҳияти ITeachMe барои одамони маъюб на танҳо як барномаи муфиди омӯзишӣ шудааст. Он имконият медиҳад, ки дар байни иштирокчиён ҳисси ҳамҷоя буданро ташаккул диҳад ва ҳамчун платформаи таблиғотӣ хизмат намояд.штирокчиён корҳои курсии худро ба корфармоён муаррифӣ мекунанд, ки ба номзадҳои пешқадам имкон медиҳад, то барои дарёфти кор пешбарӣ шаванд.

Зоҳира қайд мекунад, ки тағйироти мусбати лоиҳаи ӯ ба туфайли барномаи рушди институтсионалии SICA, ки созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандиро барои кор дар самти ҳадафҳои умумӣ, ба мисли қобилияти молиявӣ ва ҷавобгӯ будан ба ниёзҳои баҳрабардорон муттаҳид месозад, сурат гирифт. Маркази рушди салоҳияти ITeachMe барои одамони маъюб на танҳо як барномаи муфиди омӯзишӣ шудааст. Он имконият медиҳад, ки дар байни иштирокчиён ҳисси ҳамҷоя буданро ташаккул диҳад ва ҳамчун платформаи таблиғотӣ хизмат намояд.

Коршиносони SICA аз ITeachMe даъват карданд, ки доираи фаъолияти худро тавсеа диҳад ва дар таҳияи қонунгузории фарогир дар Қазоқистон ширкат кунад. Масалан, ҳангоми муҳокимаи ташаббусҳо дар қонунгузорӣ, ки ба наздикӣ доир гардид, ITeachMe тарафдори ба он ворид кардани банди иловагӣ оид ба дастгирии "таълими фосилавӣ барои шахсони дорои маъюбият" буд. Ин санад метавонад дастрасии имкониятҳои таҳсилот ва рушди касбиро барои ҳама, аз ҷумла барои одамони гирифтори мушкилоти ҳаракат ё системаи масъунияташон заиф бештар намояд.

Бо дарназардошти он, ки имрӯз беш аз ҳазор нафар одамон дар саросари Қазоқистон ба гузаштани курсҳои ITeachMe таваҷҷӯҳ доранд, Зоҳира тавсеа додани Хазинаро дар оянда ба нақша гирифтааст. Вай ният дорад, ки соли оянда стратегияи Хазинаро навсозӣ кунад, дар Атирау филиал ифтитоҳ карда, ба хатмкунандагони марказ кӯмаки доимӣ расонад.

«Мо кӯшиш мекунем, ки барои одамони дорои маъюбият намунаи мусбӣ нишон дода, барои ҳама имкониятҳои баробар фароҳам орем», - мегӯяд Зоҳира. "Дар ин ҷаҳон, ҳар як шахс бояд имкони амалӣ кардани иқтидорҳои худро дошта бошад." Ҳамин тариқ, тавассути шавқу ҳавас, дониш ва ҳадафҳои равшани худ барои рушди созмон Зоҳира орзуҳоро ба воқеият табдил медиҳад.

Лоиҳаи USAID ташаббусҳои соҳаи тандурустиро дар минтақаи офатҳои экологӣ дастгирӣ мекунад
Learn more Learn more
Хатмкардаи Мактаби тадқиқоти сиёсӣ, ки аз ҷониби USAID маблағгузорӣ мешавад, барои 200 нафар донишҷӯён курси ройгон оид ба низоми хариди давлатиро оғоз мекунад
Learn more Learn more

Бо мо тамос гиред:

Оид ба ҳамаи масъалаҳои дигар:

Алмаато, Қазоқистон
Хиёбони Сейфуллин, 609
Ошёнаи 3, Маркази соҳибкории “Форум”

error icon

Номи худро ворид кунед

error icon

Суроғаи почтаи электронии дурустро ворид кунед

error icon

Паёми худро ворид кунед

Сипос!