Open menu Close menu

Ҳикояҳои муваффақияти SICA

Ҷавони фаъол истеъдодҳои нави IT-ро дар Тоҷикистон ба вуҷуд меорад

Фаррух Умаров аз Тоҷикистон хатмкардаи Донишгоҳи Оксфорд ва муассиси Маркази “Acceleration Skills Ilmhona” аст. Ӯ дар Истаравшан, як шаҳраке дар шимоли Тоҷикистон, дар хонаводаи муҳоҷири меҳнатӣ ба дунё омадааст. Падараш мисли садҳо ҳазор тоҷик, замоне, ки Фаррух ҳамагӣ 10 сол дошт, ба Русия барои кор муҳоҷират кардааст.

Farrukh Umarov at a conference

«Бо вуҷуди он ки падарам наздам набуд, ҳамеша маро дар хоҳиши таҳсил карданам дастгирӣ мекард. Вақти ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон як давраи рукуди иқтисодӣ ва сатҳи баланди бекорӣ вуҷуд дошт. Сарфи назар аз ҳамаи ин, падару модарам хеле заҳмат кашиданд, ки ба мо маълумоти хуб диҳанд. Ман ҳамеша медонистам, ки барои ноил шудан ба он чизе, ки мехоҳам, тамоми кӯшишро ба харҷ додан лозим аст”, - мегӯяд Фаррух.

Пас аз хатми донишгоҳи Оксфорд Фаррух тасмим гирифт, ки дар ватанаш соҳаи фанновариро рушд диҳад. Ин хоҳиш ӯро водор кард, ки дар шаҳри Душанбе «Ilmhona Skills Acceleration Center» - Маркази Маҳорати Акселератсия - Илмхонаро кушояд, ки дар он донишҷӯён метавонанд дар курсҳои технологияи иттилоотӣ таҳсил кунанд ва ҳатто дар соҳаи фанноварӣ кор пайдо кунанд. Ба шарофати системаи бемисли додани пасандози гарав, ки онро Фаррух ҷорӣ кард, шахс имкон дорад дипломи Илмхонаро ҳатто ройгон ба даст орад:

“Барои оғози таҳсил пардохт намудани пасандоз зарур аст. Агар донишҷӯ бо 85 хол ва аз ин зиёдтар курсро хатм кунад, аз 50 то 100 дарсади пули пасандозро метавонад баргардонад”, - шарҳ медиҳад Фаррух. "Ҳолатҳое ҳастанд, ки донишҷӯён то 100 фоизи пулашонро баргардонидаанд."

Ба шарофати лоиҳаи худ Фаррух обрӯи мусбиро муваффақ гардида, тасмим гирифт, ки намояндагии нави Илмхонаро дар зодгоҳаш Истаравшан боз кунад. Барои маблағгузории ин ташаббус Фаррух барои дарёфти Гранти “Кӯмаки ғайримолиявии дастгирӣ” дар доираи барномаи Инноватсияҳои иҷтимоӣ дар Осиёи Марказӣ (SICA), ки аз ҷониби Агентии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ (USAID) маблағгузорӣ мешавад, муроҷиат кард. Бо дастгирии гранти SICA ва дигар созмонҳои байналмилалӣ ба Фаррух муяссар шуд, ки барои беш аз 200 сокини ҷавони Истаравшан курсҳои омӯзиши фанновариҳои иттилоотиро роҳандозӣ кунад.

Ҳасан Солиев имрӯз яке аз шогирдони муваффақи Илмхона аст. Замоне Ҳасан ба ҳайси рангуборчӣ кор мекард, аммо аслан мехост дар барномасозӣ ҳунарашро бисанҷад.

Man at computer illustrative photo

«Ман бисёр мехостам дар Илмхона таҳсил кунам, аммо вақте фаҳмидам, ки идораи он аз шаҳри ман дур аст, хеле нороҳат шудам. Ҳайрат ва хурсандии ман канор надошт, вақте ҳамагӣ пас аз шаш моҳ Илмхона намояндагии худро дар Истаравшан боз кард”, - мегӯяд Ҳасан. “Албатта, аввалин коре, ки ман кардам, худро дар курсҳои Web-zero сабти ном намудам.

Ҳамагӣ дар муддати ду моҳ Ҳасан барномаҳои HTML, CSS ва JavaScript-ро азхуд кард. Пас аз хатми таҳсил ба ӯ пешниҳод карданд, ки дар Илмхона ҳамчун омӯзгори курс кор кунад. Ҳоло ӯ барои донишҷӯёни Истаравшан асосҳои таҳияи Front End-ро таълим медиҳад ва орзу дорад, ки рӯзе дар Google ё Microsoft кор пайдо кунад.

Саргузашти Ҳасан як намунаи хуби он аст, ки ҳар кас метавонад фанновариро ёд бигирад ва ҳоло гурӯҳи ҳамкорон саъй доранд собит кунанд, ки духтарони истаравшанӣ низ истисно нестанд. Масалан, дар Илмхона чанде пеш барномаи курси аввал барои духтароне, ки мехоҳанд худро дар риштаи технология санҷанд, ҷорӣ гардид. 30 нафар гурӯҳи аввалини духтарон имрӯз омӯзиши асосҳои рушди Front End-ро ба итмом расониданд.

"Барои мо хеле муҳим аст нишон диҳем, ки духтарон метавонанд дар баробари писарон ҳама чизро ноил шаванд", - мегӯяд Фаррух. "Курси аввалини мо барои духтарони зодгоҳи ман маҳз барои ҳамин тарҳрезӣ шудааст."

Илова ба курсҳои тайёрй, «Илмхона” инчунин чорабиниҳоро барои навкорон ташкил мекунад, тренингҳоро оид ба инкишофи маҳорати муоширати байнишахсӣ ва вохӯриҳоро бо ҷавонони Тоҷикистон доир менамояд. Фаррух умед дорад, ки ин иқдомҳо ҷавононро рӯҳбаланд намуда, барои камолоти насли нави IT-мутахассисони Тоҷикистон мусоидат хоҳанд кард.

«Бо вуҷуди он, ки Тоҷикистон он қадар захираҳои табии зиёд надорад, кишвари мо дорои сармояи зиёди инсонӣ мебошад. "Ман мехостам, ки ватанамро ба як кишвари истеъдодҳои инноватсия ва технологияҳои пешқадам табдил диҳам."

Лоиҳаи USAID ташаббусҳои соҳаи тандурустиро дар минтақаи офатҳои экологӣ дастгирӣ мекунад
Learn more Learn more
Хатмкардаи Мактаби тадқиқоти сиёсӣ, ки аз ҷониби USAID маблағгузорӣ мешавад, барои 200 нафар донишҷӯён курси ройгон оид ба низоми хариди давлатиро оғоз мекунад
Learn more Learn more

Бо мо тамос гиред:

Оид ба ҳамаи масъалаҳои дигар:

Алмаато, Қазоқистон
Хиёбони Сейфуллин, 609
Ошёнаи 3, Маркази соҳибкории “Форум”

error icon

Номи худро ворид кунед

error icon

Суроғаи почтаи электронии дурустро ворид кунед

error icon

Паёми худро ворид кунед

Сипос!