Лоиҳаи "Касбҳои умедбахши оянда" мушкилоти бекории ҷавонони Қазоқистонро ҳал мекунад
Самал Рахатова дар донишгоҳ дар риштаи SMM (Social Media Management), яъне - Менеҷменти васоити ахбори иҷтимоӣ таҳсил кардааст, аммо пас аз хатми донишгоҳ барои дарёфти ҷои кор аз рӯи ихтисос ба мушкилӣ дучор омадааст. Аз ин ру, вай маҷбур шудааст, ки дар дигар бастҳо кор кунад, вале аз фаъолияти худ дар ин самтҳо натавонистааст қаноатмандӣ эҳсос намояд. Ниҳоят ӯ аз кор рафтааст ва воқеан бекор мондааст, то он даме, ки лоиҳаи "Касбҳои умедбахши оянда"-ро, ки аз ҷониби барномаи Навовариҳои иҷтимоӣ дар Осиёи Марказӣ (SICA) дастгирӣ гардида, аз ҷониби USAID сарпарастӣ мешавад, дарёфт накард.
«Дастгирии ташаббусҳо» - созмони ҷомеаи шаҳрвандӣ воқеъ дар шаҳри Қизилӯрдаи Қазоқистон буда, лоиҳаи «Касбҳои умедбахши оянда»-ро оғоз бахшидааст. Ҳадафи лоиҳа мусоидат ба ҳалли мушкилоти бекории ҷавонони Қазоқистон мебошад. Бояд қайд кард, ки аз соли 2020 сатҳи бекорӣ дар Қазоқистон ба таври назаррас афзоиш ёфт. Тавре Самал қайд мекунад, бисёре аз хатмкунандагони донишгоҳҳо муддати тӯлонӣ дар ҷустуҷӯи кор буданд ва бинобар нарасидани ҷойҳои корӣ маҷбур шуданд, ки берун аз ихтисоси худ кор кунанд. Ҳамин тариқ, тибқи омор, аз 18 406 нафаре, ки барои дарёфти кор ба Маркази шуғли аҳолии шаҳри Қизилӯрда муроҷиат кардаанд, танҳо 8 ҳазору 441 нафар тавонистаанд ба таври расмӣ бо ҷои кор таъмин шаванд.
Гурӯҳи «Дастгирии ташаббусҳо» тасмим гирифт, ки барои ҳалли ин масъалаҳо мусоидат кунад. Тавассути Гранти ҳалли инноватсионии SICA (Innovative Solutions Grant SICA), созмон курсҳои махсуси омӯзишӣ ва такмили ихтисосро оид ба касбҳои калидии рақамӣ, ки дар пасманзари пандемияи COVID-19 талабот ба онҳо зиёд аст, таъсис дод. Ин курсҳо, масалан, тренингҳоро оид ба идораи шабакаҳои иҷтимоӣ (SMM), аксбардории телефони мобилӣ, дизайни графикӣ ва ғайраро пешниҳод мекунад.
Самал яке аз аввалинҳо шуда ба курсҳои SMM дохил шуд ва тавассути он стратегияҳои пулкоркуниро бо истифода аз платформаҳои интернетӣ омӯхт. То охири курс Самал тавонист тақрибан 300 000 танга ба даст орад.
Бисёр омӯхтан