Open menu Close menu

Сиёсати кор бо маълумоти маҳфуз

Огоҳинома оид ба махфият

Ин сомона файлҳои “cookie”-ро истифода мебарад. Маълумоти бештарро дар бораи сиёсати махфияти мо дар ин ҷо хонед

Аз шумо барои ташриф ба вебсайти socialinnovationca.org. сипосгузорем. Махфият ва амнияти шумо барои мо хеле муҳиманд. Лутфан огоҳ бошед, ки socialinnovationca.org маълумоти шахсиро бе розигии шумо ҷамъ намекунад. Мо танҳо маълумоти техникиро дар бораи ташрифи шумо ба сомона ҷамъоварӣ мекунем.

Ба таваҷҷуҳи шумо мерасонем, ки чунин маълумот дар бораи ташрифи шумо ба вебсайт коркард мегардад:

Маълумоте, ки ба таври автоматӣ ҷамъоварӣ ва захира карда мешавад

Вақте ки шумо ба socialinnovationca.org ворид мешавед, мо метавонем тафсилоти зеринро нигоҳ дорем:

Суроғаи IP, ки шумо аз он ба сомонаи мо ворид шудед

сана ва вақти ворид шудан

суроғаи URL-и вебсайте, ки шумо аз он ба сомонаи мо гузаштед

номи файл ё калимаҳое, ки шумо ҷустуҷӯ мекардед

саҳифаҳое, ки шумо дар вебсайти мо рӯй овардед

унсурҳое, ки шумо дар саҳифа интихоб кардед

браузери истифодашаванда ва системаи амалиётӣ

Маълумоте, ки шумо ба SICA пешниҳод мекунед

Мо маълумоти шахсии корбарони сомонаро ҷамъ намекунем ё пайгирӣ наменамоем. Мо маълумоти дар боло зикршударо истифода мебарем, то сомонаи худро барои истифодабарандагон ҷиҳати муайян кардани мушкилоти амалиётӣ ва беҳтар кардани амнияти умумии вебсайт муфидтар созем.

Барои дидани ин сомона ба шумо пешниҳод кардани ягон маълумоти шахсӣ лозим нест.

Маълумотеро, ки шумо пешниҳод кардаед, сомона танҳо ба он мақсад истифода мебарад, ки барои он муроҷиат намудед, масалан барои ҷавоб додан ба паёми шумо.

Вақте ки шумо ихтиёран маълумот медиҳед, ин маънои розигии шуморо ба истифодаи иттилоот бо мақсади муайяншуда дорад. Вақте ки шумо тугмаи “Ҳоло ирсол кардан” -ро дар ҳама гуна шаклҳои сомонаи саҳифаҳои мо пахш мекунед, шумо розигии ихтиёрии худро барои истифодаи маълумоти пешниҳодкардаатон ба ҳамин мақсади муайян изҳор менамоед.

Огоҳинома оид ба бехатарӣ

Барои амнияти сомона ва дастрас будани ин хадамот барои ҳама корбарон, дар системаи компютерӣ барномаҳои назораткунандаи трафики шабака бо мақсади ошкор кардани кӯшишҳои беиҷозат тағйир додан ва ворид кардани маълумот ва расонидани зарар истифода бурда мешаванд.

Агар дар рафти мониторинг далелҳои амали эҳтимолии ҷиноятӣ ошкор карда шаванд, чунин далелҳо метавонанд ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пешниҳод карда шаванд.

“Cookie”-ҳо

Вақте ки шумо ба баъзе саҳифаҳо ташриф меоред, веб-серверҳои онҳо пораҳои иттилоотиеро бо номи “cookie”-ҳо тавлид мекунанд. “Cookie”-ҳо одатан барои дар оянда шинохтани компютери шумо истифода мешаванд.

Сомонаи мо “cookie”-ҳоро ба мақсадҳои техникӣ, ба монанди таъмини паймоиши ҳамвор дар вебсайти мо истифода мебарад. Ин “cookie”-ҳо маълумотро ба таври доимӣ сабт намекунанд ва дар диски сахти (HDD) компютери шумо нигоҳ дошта  намешаванд. Файлҳои “cookie” танҳо дар давоми сеанси фаъоли браузер дастрасанд. Вақте ки шумо браузери худро пӯшидед, файлҳои “cookie”-и сеанс нопадид мешаванд.

Сомона инчунин “cookie”-ҳоро барои он истифода мебарад, то мо донем, ки одамон чӣ тавр аз он истифода мебаранд ва мо сомонаро чӣ гуна беҳтар карда метавонем. Омори трафик ба таври пӯшида ҷамъоварӣ ва ҷамъбаст карда мешавад ва ҳеҷ гуна маълумот наметавонад ба ягон шахси мушаххас мансубият дошта бошад. Сомонаи socialinnovationca.org  маълумоти шахсии PII-ро ба монанди рақамҳои суғуртаи иҷтимоӣ, сана ё ҷои таваллуд ҷамъ намекунад.

Файлҳои “cookie”-и сатҳи 1 (як сеанс) ва сатҳи 2 (сенсҳои бисёркарата, бе PII) аз ҷониби socialinnovationca.org мувофиқи Меморандуми OMB 10-22, Дастурамал барои истифодаи маҷозии веб-технологияҳои ченкунӣ ва танзимкунӣ (PDF) истифода мешаванд. Сомонаи socialinnovationca.org “cookie”-ҳои сатҳи 3-ро (сеансҳои бисёркарата, бо РII) истифода намебарад.

Файлҳои “cookie” инчунин метавонанд аз ҷониби провайдерҳои сеюми зерин дар socialinnovationca.org насб карда шаванд.

Раддияи умумии масъулият ва огоҳӣ аз ҳуқуқи муаллиф

Маълумоте, ки дар ин сомона пешниҳод шудааст, маълумоти барои ҳама кушода ҳисобида шуда, метавонад озодона паҳн ё нусхабардорӣ карда шавад, ба истиснои ҳолатҳое, агар ишора ба ҳифзи ҳуқуқи муаллиф надошта бошад. Дар навбати худ, мо дархост мекунем, ки барномаи SICA-и Бунёди Авруосиё, ки аз ҷониби Агентии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба Рушди Байналмилалӣ (USAID) дастгирӣ карда мешавад, ҳамчун манбаи ҳама гуна маълумот, аксҳо ва тасвирҳои аз ин сайт нусхабардоришуда ишора карда шаванд ва ҳама гуна аксҳо ва имзогузориҳо ба ҳамин тариқ аз ҷониби суратгир ё муаллиф нишон дода шаванд.

Мо ба таври қатъӣ тавсия медиҳем, ки иттилооте, ки дар socialinnovationca.org нашр шудааст, мустақиман аз ин сайт гирифта шавад, на аз дигар манбаъҳое, ки метавонанд маълумотро бо ягон роҳ тағйир диҳанд ё иттилои муҳимро барои фаҳмиши ин маълумот истисно кунанд. Бо вуҷуди он, ки мо тамоми кӯшишҳоро барои пешниҳоди маълумоти дақиқ ва мукаммал ба харҷ медиҳем, баъзе маълумотҳо метавонанд аз сабаби навсозиҳои сомона тағйир ёбанд.

Рад кардани масъулият

Барои пешниҳоди маълумоти дақиқ ва мукаммал аз тарафи мо тамоми кӯшиш ба харҷ дода мешавад. Мо ҳеҷ ягон изҳорот, ваъда ё кафолатҳоро дар бораи дурустӣ, мукаммалӣ ва ё мувофиқатии мундариҷаи ин сомона интишор намекунем ва ҳама гуна масъулиятро барои хатоҳои ҷойдошта ё нофаҳмиҳои мундариҷаи ин сомона инкор менамоем.

Бозхонди тасдиқ

Маълумоте, ки дар socialinnovationca.org нашр шудааст, истинодҳоро ба иттилооте, ки аз ҷониби дигар созмонҳои давлатӣ ва/ё хусусӣ сохта ва нигоҳдорӣ мешаванд, дар бар мегирад. Сомонаи мазкур ин истинодҳоро танҳо барои маълумот ва истифодаи бароҳати корбарони мо пешкаш менамояд. Ҳангоми пахш кардани истинод ба сомонаи сеюм, корбарон socialinnovationca.org -ро тарк мекунанд.

Мо ба шумо ба таври қатъӣ тавсия медиҳем, ки барои ором ва бароҳат кор кардан бо сиёсати ҳама вебсайтҳои тарафи сеюм, ки ба онҳо аз ин сомона ворид мешавед, шинос шавед.

Шабакаҳои иҷтимоӣ

Тавассути ин сомона блог ва профилҳои якчанд шабакаи иҷтимоии тарафи сеюмро истифода намудан мумкин аст. Мо дар ин платформаҳо ҳузур дорем, то таърихи худро ба шунавандагони худ нақл кунем.

Дар ҳоле, ки мо шарҳу муҳокимаро дар профилҳои васоити ахбори иҷтимоии худ ташвиқ мекунем, лутфан дар хотир доред, ки онҳо як форуми ҷамъиятӣ мебошанд ва бинобар он ҳама маълумоти пешниҳодшуда барои омма дастрас хоҳад буд. Лутфан тафсилоти шахсиро ба монанди рақами телефон, суроғаи почтаи электронӣ ё ягон маълумоти шахсии дигаре, ки шумо намехоҳед ба ҳама дастрас шавад, пешниҳод накунед.

Дар ҳоле ки баъзе иттилооти шахсӣ (PII) метавонад ҳангоми истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ дар socialinnovationca.org дастрас шавад (яъне мо метавонем ном ва акси шуморо дар сурати интишори тавзеҳот бубинем), мо ин маълумотро ҷамъ намекунем, мубодила ва маҳфуз намедорем.

Ҳузури мо дар сомонаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ барои дастгирӣ, тавсия ё тасдиқи ягон ширкати сеюм ё провайдери хидматрасон пешбинӣ нашудааст.

Контенти тарафи сеюм

Вебсайти Socialinnovationca.org метавонад контенти воридшудаи тарафи сеюмро истифода барад. Вақте ки контент аз провайдери тарафи сеюм ворид карда мешавад, мо манбаи он контентро ишора мекунем. Видеоҳои воридкардашуда метавонанд ҳангоми насб “cookie”-ҳо нишон диҳанд. Барои маълумоти бештар, лутфан бо сиёсати “cookie”-ҳои мо шинос шавед.

Дастрасӣ

Ҳадафи сомонаи мо фароҳам овардани дастрасӣ ба ҳамаи ашхосе аст, ки тавассути socialinnovationca.org дар ҷустуҷӯи маълумот мебошанд. Дар сомона имконияти истифода ва хондани контент аз ҷониби шахсони маъюб низ пешбинӣ шудааст . Агар шумо технологияи ёрирасонро истифода баред (ба монанди барномаи хониш аз экран, хониш аз рӯйи барномаи Брайл ва ғ.) ва дар дастрасӣ ба маълумот дар ин сомона мушкилӣ дошта бошед, лутфан ба мо дар бораи мушкилот ва URL-суроғаи (суроғаи веб) саҳифаи сомонае, ки шумо мехостед ба он ворид шавед, хабар диҳед, ва лутфан тафсилоти тамоси худро гузоред. Мо бо шумо тамос хоҳем гирифт ва тамоми имконоти мавҷударо амалӣ мекунем, то ба шумо маълумоти заруриро дастрас намоем.

Дастрасӣ ба ҳуҷҷатҳо дар шакли гуногуни файлҳо

Баъзе аз ҳуҷҷатҳо дар socialinnovationca.org дар шакли портативии Portable Document Format (PDF) пешниҳод шудаанд, аз ин рӯ, шумо метавонед нашрияҳоро дар формати аслии худ, новобаста аз намуди компютер, браузер ё системаи амалиётие, ки шумо барои дастрасӣ ба Интернет истифода мебаред, аз назар гузаронед. Барои дидан, паймоиш ва чоп кардани ҳуҷҷатҳои PDF, шумо аввал бояд афзори ройгони Acrobat Reader-ро зеркашӣ кунед (хубтар аз ҳама версияи охиринро насб кунед). Лутфан ба саҳифаи дастгирии Adobe Reader барои гирифтани маслиҳат ва ҳалли мушкилот муроҷиат кунед. Агар шумо барномаи хонандаи экранро истифода баред, метавонед ба саҳифаи дастрасии Adobe Reader ворид шавед, ки дар он дастури корбаранда барои дастрасии ҳуҷҷатҳои PDF-и дорои технологияҳои иловагӣ мавҷуд аст.

Бо мо тамос гиред:

Оид ба ҳамаи масъалаҳои дигар:

Алмаато, Қазоқистон
Хиёбони Сейфуллин, 609
Ошёнаи 3, Маркази соҳибкории “Форум”

error icon

Номи худро ворид кунед

error icon

Суроғаи почтаи электронии дурустро ворид кунед

error icon

Паёми худро ворид кунед

Сипос!