Open menu Close menu

Ҳикояҳои муваффақияти SICA

Лоиҳаи "Касбҳои умедбахши оянда" мушкилоти бекории ҷавонони Қазоқистонро ҳал мекунад

Самал Рахатова дар донишгоҳ дар риштаи SMM (Social Media Management), яъне - Менеҷменти васоити ахбори иҷтимоӣ таҳсил кардааст, аммо пас аз хатми донишгоҳ барои дарёфти ҷои кор аз рӯи ихтисос ба мушкилӣ дучор омадааст. Аз ин ру, вай маҷбур шудааст, ки дар дигар бастҳо кор кунад, вале аз фаъолияти худ дар ин самтҳо натавонистааст қаноатмандӣ эҳсос намояд. Ниҳоят ӯ аз кор рафтааст ва воқеан бекор мондааст, то он даме, ки лоиҳаи "Касбҳои умедбахши оянда"-ро, ки аз ҷониби барномаи Навовариҳои иҷтимоӣ дар Осиёи Марказӣ (SICA) дастгирӣ гардида, аз ҷониби USAID сарпарастӣ мешавад, дарёфт накард.

«Дастгирии ташаббусҳо» - созмони ҷомеаи шаҳрвандӣ воқеъ дар шаҳри Қизилӯрдаи Қазоқистон буда, лоиҳаи «Касбҳои умедбахши оянда»-ро оғоз бахшидааст. Ҳадафи лоиҳа мусоидат ба ҳалли мушкилоти бекории ҷавонони Қазоқистон мебошад. Бояд қайд кард, ки аз соли 2020 сатҳи бекорӣ дар Қазоқистон ба таври назаррас афзоиш ёфт. Тавре Самал қайд мекунад, бисёре аз хатмкунандагони донишгоҳҳо муддати тӯлонӣ дар ҷустуҷӯи кор буданд ва бинобар нарасидани ҷойҳои корӣ маҷбур шуданд, ки берун аз ихтисоси худ кор кунанд. Ҳамин тариқ, тибқи омор, аз 18 406 нафаре, ки барои дарёфти кор ба Маркази шуғли аҳолии шаҳри Қизилӯрда муроҷиат кардаанд, танҳо 8 ҳазору 441 нафар тавонистаанд ба таври расмӣ бо ҷои кор таъмин шаванд.

Гурӯҳи «Дастгирии ташаббусҳо» тасмим гирифт, ки барои ҳалли ин масъалаҳо мусоидат кунад. Тавассути Гранти ҳалли инноватсионии SICA (Innovative Solutions Grant SICA), созмон курсҳои махсуси омӯзишӣ ва такмили ихтисосро оид ба касбҳои калидии рақамӣ, ки дар пасманзари пандемияи COVID-19 талабот ба онҳо зиёд аст, таъсис дод. Ин курсҳо, масалан, тренингҳоро оид ба идораи шабакаҳои иҷтимоӣ (SMM), аксбардории телефони мобилӣ, дизайни графикӣ ва ғайраро пешниҳод мекунад.

Самал яке аз аввалинҳо шуда ба курсҳои SMM дохил шуд ва тавассути он стратегияҳои пулкоркуниро бо истифода аз платформаҳои интернетӣ омӯхт. То охири курс Самал тавонист тақрибан 300 000 танга ба даст орад.

Expanding Youth Employment

Аз натиҷаи аввал илҳом гирифта, Самал ба сифати мудири шабакаҳои иҷтимоӣ боварии соҳибкорони маҳаллиро ба даст овард ва бо онҳо шартномаҳо баст. Ҳоло вай на танҳо бо соҳибкории хурд ва микро-тиҷорат машғул аст, балки бо ширкати бузурги кишоварзии ТОО «Ассоль» ҳамкорӣ карда, чорабиниҳои ниҳоят назарраси тиҷоратӣ доир менамояд.

Бо кӯмаки «Гранти ҳалли инноватсионӣ»-и SICA (Innovative Solutions Grant) ташкилоти «Дастгирии ташаббусҳо» тавонист маҷмӯи тренингҳоро доир карда, ба иштирокчиён моҳияти бозори меҳнатиро дар маҳалл ва минтақа фаҳмонад. Самал дар ин тренингҳо на ягона иштирокчии муваффақ ба ҳисоб мерафт. Зиёда аз панҷоҳ дарсади донишҷӯён курсҳои SMM, мобилография ва дизайни графикиро гузашта, тавонистанд, ки ҷойи кор пайдо кунанд ё соҳибкори инфиродӣ шаванд.

Илова бар ин, грант имкон дод, ки иштирокчиён тавассути курсҳо касби худро ройгон иваз кунанд ва бо ин роҳ монеаҳои молиявии такмили ихтисосро бартараф намоянд. «Ин лоиҳа хеле муҳим аст, зеро ҷавононро ба самти дуруст ҳидоят мекунад ва ба онҳо нишон медиҳад, ки дар соҳаҳои ҷолиб ва умедбахш кор карда, метавонанд маблағ ба даст оранд», - мегӯяд Самал.

Пас аз хатми курсҳо, Самал SMM - курсҳои маҷозии худро бо назардошти ба роҳ мондани фурӯши интернетӣ таъсис дод.

«Ҳоло даромади ман дар як моҳ тақрибан 500 000 танга аст ва тибқи ҳисобҳои ман, он ба зудӣ бояд дучанд гардад. Нақша дорам, ки як қисми ин маблағро ба корҳои хайрия сарф кунам - ман худ имкони таҳсилро пайдо кардам ва акнун мехоҳам ба дигар донишҷӯёне мисли худ кумак кунам».

Лоиҳаи «Дастгирии ташаббусҳо» ба эҷоди тағйироти системавӣ дар соҳаи бекорӣ нигаронида шудааст. Бо истифода аз донишҳои аз барномаи SICA ба даст оварда, гурӯҳ дар ҳамкорӣ бо Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Қазоқистон ташкили биржаи электронии меҳнатро иқдом намуд. Ин барномаи кӯтоҳмуддат дар нимаи соли 2021 ҷиҳати таъсиси курсҳо ва абзорҳои ройгон барои корҷӯён оғоз шудааст. Портал дар кӯмак ба бекорон ҷиҳати дарёфти имкониятҳои нав ва такмили салоҳиятҳои зарурии касбӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид.

Лоиҳаи USAID ташаббусҳои соҳаи тандурустиро дар минтақаи офатҳои экологӣ дастгирӣ мекунад
Learn more Learn more
Хатмкардаи Мактаби тадқиқоти сиёсӣ, ки аз ҷониби USAID маблағгузорӣ мешавад, барои 200 нафар донишҷӯён курси ройгон оид ба низоми хариди давлатиро оғоз мекунад
Learn more Learn more

Бо мо тамос гиред:

Оид ба ҳамаи масъалаҳои дигар:

Алмаато, Қазоқистон
Хиёбони Сейфуллин, 609
Ошёнаи 3, Маркази соҳибкории “Форум”

error icon

Номи худро ворид кунед

error icon

Суроғаи почтаи электронии дурустро ворид кунед

error icon

Паёми худро ворид кунед

Сипос!