Нургалӣ Рахманов роҳбари ташкилоти ғайритиҷоратии «Ҷамъияти рақамӣ» ва хатмкардаи Policy Research School (PRS) - Мактаби Тадқиқоти Сиёсии барномаи “ Навовариҳои иҷтимоӣ дар Осиёи Марказӣ (SICA) мебошад, ки аз ҷониби USAID маблағгузорӣ мешавад. Нургалӣ чандин сол инҷониб ба низоми хариди давлатӣ шавқу ҳавас зоҳир мекард. Дар соли 2021 ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба эълоне таваҷҷуҳ зоҳир кард, ки дар он даъвати пешниҳод намудани дархостҳо ба Мактаби Тадқиқоти Сиёсии SICA иброз гардида буд.
Ҳангоми омӯзиши масъалаҳои марбут ба хариди давлатӣ дар PRS, Нургалӣ дид, ки бар асари норасоии ҷиддӣ дар таҳқиқи соҳаи хариди давлатӣ “доираи васеи маълумот” аз назари ҷомеа дур мондааст. Ҳамин тариқ ташкил кардани курсҳои ройгон оид ба системаи хариди давлатӣ барои донишҷӯёни донишкадаҳои олиро андеша кард. Нургалӣ барои таҳқиқ намудани системаи хариди давлатӣ як сол кор карда, ҳамоно оид ба масъалаи чӣ тарз тартиб додани лоиҳаи барнома барои донишҷӯёни донишгоҳҳо фикр мекард. Вай аз он нигарон буд, ки оё донишгоҳҳои маҳаллӣ ин пешниҳоди ӯро қабул мекарда бошанд ё не, зеро бовар дошт, ки кормандон метавонанд аз иштирок дар машғулиятҳое, ки ба донишҷӯён назорат ва фикрронии интиқодиро нисбат ба давлат таълим медиҳад, тарс дошта бошанд. Нургалӣ ба факултаи энергетика ва алоқаи Донишгоҳи Алмаато муроҷиат карда, таклиф кард, ки дар ин самт курси бакалаврӣ ташкил карда шавад. “Вақте ки кормандони донишгоҳ гуфтанд, ки онҳо омодаанд ба лоиҳа “чароғи сабз” диҳанд, ман дар як вақт ҳам сабукӣ эҳсос кардам ва ҳам ба ҳаяҷон омадам”, - бо табассум мегӯяд ӯ.
Нургалӣ умед дорад, ки насли нави мутахассисон ба кишвар барои “ба пеш ниҳодани қадамҳои устувор” дар баланд бардоштани стандартҳои шаффофият мусоидат хоҳанд кард.
“Қазоқистон мехоҳад ба Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушд (OECD) шомил шавад, ки яке аз талаботи асосии он - риояи стандартҳои OECD дар соҳаи идоракунии ҳисоботдиҳӣ ва шаффофияти низоми хариди давлатӣ мебошад”, - иброз дошт Нургалӣ. “Бинобар кофӣ набудани теъдоди мутахассисон дар соҳаи рушди устувор ва номукаммал будани заминаи институтсионалии рушди устувор, мақомоти давлатӣ ва ширкатҳои миллӣ дар айни ҳол натавонистаанд ин стандартҳоро дар раванди хариди давлатӣ ҷорӣ намоянд. Дар ин ҷода ман нақши худро возеҳ тасаввур мекунам”, - изҳор мекунад Нургалӣ.
Лоиҳаи худро дар доираи PRS SICA идома дода, Нургалӣ инчунин низоми хариди давлатиро дар соҳаи сохтмони мактаб нуктасанҷона аз худ кард. Дар натиҷа вай як тарҳи тендерҳои дорои хавфи баланд ва моил ба фасодкории дорои нархҳои хеле баландро муайян сохт. Бар ивази ин нақшаи ғайриқонунӣ, Нургалӣ низоми рейтингии муайян кардани самаранокии равандҳои харидро барои сохтмони мактабҳо таҳия намуд. Ассотсиатсияи саноати масолеҳи бинокории Қазоқистон дар низоми рейтингии Нургалӣ иқтидор ва нерӯи созандаеро дарёфт ва ба ӯ пешниҳод кард, ки ба гурӯҳи кории Палатаи миллии соҳибкорони Қазоқистон “Атамекен” ба ҳайси коршинос оид ба хариди давлатӣ шомил шавад. Айни замон Нургалӣ дар сари таҳияи лоиҳаи қонуни нав дар бораи хариди давлатӣ кор карда истодааст, ки он ҷиҳати таъмини назорати сифати мол, кор ва хизматрасониҳо, ки бо нархи нисбатан арзон харидорӣ мешаванд, кӯмак хоҳад кард.
Нургалӣ бар ин назар аст, ки фаҳмиши ҷомеа дар бораи механизмҳои харид барои кишварҳое, ки мехоҳанд фасодкориро аз байн баранд, ҳатмӣ мебошад. Вай умед дорад, ки чунин курсҳоро дар дигар донишгоҳҳои Қазоқистон низ роҳандозӣ кунад. «Ман ба рисолати худ ҷиҳати татбиқи стандартҳои OECD дар низоми хариди давлатии Қазоқистон боварӣ дорам. Танҳо бо ин роҳ мо метавонем барои ворид шудан ба теъдоди 30 кишвари пешрафтаи ҷаҳон қадам гузорем», - хулоса мекунад ӯ.
Оид ба ҳамаи масъалаҳои дигар:
Алмаато, Қазоқистон
Хиёбони Сейфуллин, 609
Ошёнаи 3, Маркази соҳибкории “Форум”
Сипос!