Open menu Close menu

Ҳикояҳои муваффақияти SICA

Сарвари ҷавон аз Туркманистон ташаббуси NFT-ро барои наҷоти намудҳои зери хатари нобудшавӣ қарордошта оғоз кард

8 декабри соли 2022 хабарҳо дар бораи марги бабри барфӣ дар канори Алмаатои Қазоқистон паҳн шудан гирифт. Аз рӯи хулосаи ташхис, марг бар асари халтаи полиэтиленӣ расидааст, ки дар меъдаи ҳайвон дарёфт шуд. Барои Менли Атаева, хатмкардаи Академияи сарварии ҷавонони Осиёи Марказӣ (CAYLA) аз Туркманистон, чунин ҳодисаҳо шаҳодати нигаронкунандаи фалокати экологии эҷоднамудаи инсон мебошад. “Бо назардошти он, ки дар Қазоқистон ҳамагӣ тақрибан 180 бабри барфӣ боқӣ мондааст, мо бояд барои тамоман нобуд нашудани ин намуди нодир чорае андешем”, - мегӯяд ӯ.

Ҳамчун як ходими фаъоли ҷамъиятӣ, ки ба масъалаҳои экологӣ таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир менамояд, Менли ҳамеша мехост, ки як корхонаи иҷтимоии масъули экологӣ таъсис диҳад. Пас аз хатми CAYLA дар соли 2022, Менли яке аз ташаббускорони таъсиси “Barys (Snow Leopard”) Yurt Club” (Клуби Хонаи Бабри Барфӣ) гардид, ки дастгирии тадқиқотҳои бабрҳои барфии дар Қазоқистон зери хатари нобудшавӣ қарордоштаро анҷом медиҳад. Менли бо дастааш 10 000 адад тасвирҳои беназири бабрҳои барфӣ офарид ва на кам аз 60-тои онро ба сифати токенҳои нотакрори NFT тавассути платформаи криптоасъори OpenSea ба фурӯш баровард. Инчунин ба сифати маҳсулоти иловагӣ, онҳо хатти истеҳсоли либоси болоии варзиширо бо тасвири бабри барфӣ ба роҳ монда, онро ба фурӯш мебароранд. Даста 20 фоизи тамоми даромадҳои худро ба ташкилоти ғайритиҷоратии “Табиати беҳудуди олами вуҳуш” (WWB) ва Пажӯҳишгоҳи миллии зоологии Қазоқистон ҷиҳати харидорӣ намудани таҷҳизот барои тадқиқи бабри барфӣ маблағгузорӣ менамояд.

Менли иқрор мешавад, ки дар ибтидо идеяҳои ӯ пайравони кофӣ надоштанд. “Ман ва шавҳарам пайваста хабарҳои марбут ба рушди NFT ва криптоасъорро назорат мекунем. Муддате чанд мо фикр мекардем, ки чӣ тадбир бояд андешид, зеро хоҳиш доштем, то фаъолияти тиҷоратии мо фарогири ин соҳа бошад ва ҳамзамон ҷанбаъҳои экологиро низ ба эътибор гирад”, - мегӯяд ӯ. “Мо медонистем, ки хоҳиш дорем дар соҳаи рушдёфтаистодаи NFT чизе ба даст орем, аммо наметавонистем ба як қароре оем, ки чӣ тарз тасмимҳои худро ба ягон ташаббуси иҷтимоӣ бипайвандем”.

Маҳз дар бошишгоҳи беруназшаҳрии CAYLA Changemakers Camp, ки дар он ҷо машғулиятҳои шабакавии панҷрӯзаи тобистона барои хатмкардагони CAYLA доир шуд, ба Менли ниҳоят муяссар гардид, ки биниши худро дар бораи ташаббусҳои инноватсионӣ вобаста ба фурӯши NFT ташаккул диҳад. “Муҳити зиндаи бошишгоҳи беруназшаҳрӣ ва ҳуҷумҳои зеҳнӣ ҳангоми машғулиятҳо маро водор карданд, ки пешниҳодҳои соҳибкории худро оид ба пайваст кардани фаъолияти экологӣ бо технологияи муосир таҳия намоям”, - бо табассум мегӯяд ӯ. Яке аз барандагони машғулиятҳо низ ба Менли маслиҳат дод, ки “дар бораи диверсификатсия – дигар кардани манбаъҳои минбаъдаи даромад фикр кунам”. Дар натиҷа ӯ тавонист консепсияи соҳибкории тиҷоратии худро бо истифодаи ашёи воқеӣ, ба монанди либоси варзишӣ, таҳия кунад.

Пас аз анҷом ёфтани машғулиятҳои беруназшаҳрӣ, Менли вақти худро беҳуда сарф накард. Якҷоя бо шавҳараш Азамат Калам, Менли ташаббуси иҷтимоиеро марбут ба NFT бо иштироки бабри барфӣ тарҳрезӣ кард. "Азбаски мо дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон зиндагӣ мекунем ва бабри барфӣ рамзи ин шаҳр аст, мо тасмим гирифтем, ки бо дастгирии таҳқиқоти ин намуди ҳайвоноти нодир каме миннатдории худро ба Алмаато изҳор намоем".

То моҳи сентябри соли 2022, дастаи Менли аккаунти худро дар Instagram оғоз бахшид, 10 000 тасвир таҳия кард ва аввалин маҷмӯи либоси варзишии худро барои фурӯш омода намуд. Ҳамагӣ пас аз як моҳ, онҳо дар осоишгоҳи Аю Сайи назди Алмаато як чорабинии воқеиеро ҷиҳати ҷамъоварии маблағ, бо даъвати меҳмони махсус, корманди Пажуҳишгоҳи миллии зоологӣ доир намуданд, ки ӯ онҷо дар мавзӯи тадқиқот ва экспедитсияҳои марбут ба бабри барфӣ бо маърӯза баромад кард. Даста аввалин 60 NFT-ро (дар маҷмӯъ ба маблағи 700 доллари ШМА) ҳамчун чиптаҳои вуруд ба ин чорабинӣ фурӯхт ва аз фурӯши либоси варзишии дорои тасвири бабри барфии истеҳсолкардаи худ боз 500 000 тангаи қазоқистонӣ (1000 доллари ШМА) маблағ ба даст оварда, 20 фоизи тамоми даромадро ба WWB гузаронд. Чорабинӣ вокуниши васеи васоити ахбори иҷтимоиро ба вуҷуд овард, ва аксарияти одамон чунин муносибати нави ташкилотро ба ҳифзи ҳайвонот пазироӣ намуданд.

Менли машғулиятҳои беруназшаҳрии шабакавӣ ва барномаи стипендиатии CAYLA-ро, ки ба ӯ дар ташаккули биниши ҷанбаъҳои соҳибкориаш кӯмак мекунанд, чунин тавзеҳ медиҳад: “Се курси машғулиятҳое, ки ман тавассути барномаи стипендиатии CAYLA хатм кардам, воқеан ба ман кӯмак карданд, ки сарвар ва соҳибкори беҳтарин гардам. Ман ҳозир шудам, ки чизҳои амалиро, ба монанди банақшагирии фаъолияти минбаъда, интихоби муҳити муфид ва таҳияи нақшаи маркетинг аз худ кунам. Оғози фаъолияти соҳибкорӣ метавонад дар назари аввал осон намояд, аммо вақте, ки кор то татбиқи амалии мақсадҳо мерасад, он метавонад ба як саёҳати пурпечутоби ғайричашмдоште мубаддал шавад, ба монанди аттраксиони амрикоии пурпечутоб. Ба шарофати донишу малакаҳои бадастоварда ҳоло ман худро ҳангоми қабули қарор ва тасмимҳо бештар боэътимод эҳсос мекунам”, - мегӯяд Менли.

Дина Конисбаева, раҳбари WWB, мегӯяд, ки чунин ташаббусҳоро ба мисли иқдомҳои Менли самимона дастгирӣ мекунад. "Аҳли илм аз вазъи мавҷудаи бабри барфӣ дар Қазоқистон нигарон аст", - шарҳ медиҳад ӯ. «Бабри барфӣ на танҳо рамзи фарҳангии Алмаато, балки як ҷузъи системаи экологие мебошад, ки ба саломатии инсон таъсири бузург дорад. [Ин аст, ки] вақте[дастаи Менли] бо пешниҳоди нави худ дар бораи баланд бардоштани огоҳии ҷомеа [дар бораи бабри барфӣ] ба мо муроҷиат кард, ман дарҳол ташаббуси онҳоро дастгирӣ кардам. Хеле умед дорам, ки ин иқдоми онҳо барои дигарон роҳ мекушояд”.

Менли ин иқдомотро танҳо чун “қошуқе дар уқёнус” арзёбӣ менамояд, аммо дар асл ӯ як иқдомоти бемисл ва сарнавиштсозеро ба вуҷуд овардааст. Лоиҳа алҳол тавассути воситаҳои ахбори оммаи Қазоқистон ва байналмилалӣ хеле васеъ интишор шудааст. Барои дастаи Менли чунин таваҷҷуҳ нишонаи пеш гирифтани роҳи дуруст ба ҳисоб меравад. “Бабри барфӣ ва NFT? Ин як “издивоҷ”-и ғайримуқаррарӣ аст, аммо мо тасмим гирифтем, ки онро санҷем ва он ба кор омад”, - мегӯяд Азамат, шавҳари Менли ва ҳаммуассиси лоиҳа. “Мо то ҳол дар хусуси беҳтарин ва инноватсионӣ будани лоиҳа паёмҳо мегирем ва ман дар ҳақиқат умед дорам, ки он муносибати одамонро ба [бабри барфӣ] тағйир медиҳад”, - илова мекунад Менли. “Ҳадафи асосии мо ин аст, ки ба ҳифзи бабри барфӣ аз нуқтаи назари нав муносибат кунем ва ман умедворам, ки мо метавонем фаъолияти худро аввал дар Қазоқистон ва баъдан дар кишвари ман, Туркманистон низ идома диҳем”.

Лоиҳаи USAID ташаббусҳои соҳаи тандурустиро дар минтақаи офатҳои экологӣ дастгирӣ мекунад
Learn more Learn more
Хатмкардаи Мактаби тадқиқоти сиёсӣ, ки аз ҷониби USAID маблағгузорӣ мешавад, барои 200 нафар донишҷӯён курси ройгон оид ба низоми хариди давлатиро оғоз мекунад
Learn more Learn more

Бо мо тамос гиред:

Оид ба ҳамаи масъалаҳои дигар:

Алмаато, Қазоқистон
Хиёбони Сейфуллин, 609
Ошёнаи 3, Маркази соҳибкории “Форум”

error icon

Номи худро ворид кунед

error icon

Суроғаи почтаи электронии дурустро ворид кунед

error icon

Паёми худро ворид кунед

Сипос!