Open menu Close menu

Ҳикояҳои муваффақияти SICA

Мубориза бо шиканҷа дар Қазоқистон тавассути воситаҳои рақамӣ

Тайи солҳои зиёд парвандаҳо оид ба зулму шиканҷа аз ҷониби кормандони ҳифзи ҳуқуқи Қазоқистон то ба додгоҳ намерасиданд, зеро қурбониён далел ва дастрасиро ба механизмҳои муроҷиату шикоят надоштанд. Ҳамзамон, пас аз моҳи январи соли 2022, вақте ки як силсила эътирозҳои оммавӣ бо баландшавии ногаҳонии нархи газ боиси задухӯрдҳои шадид байни эътирозгарон ва полис гардид, гузоришҳои сершумор аз шиканҷа ва муносибати бераҳмонаи кормандони полис интишор шуданд. Зарурати коркарди механизми самараноктари пешниҳоди шикоятҳо ва тафтиши ҳолатҳои шиканҷа бештар гардид. Дар вокуниш ба ин талабот Бунёди ҷамъиятии Пажӯҳишгоҳи тадқиқотии мустақили коршиносон (EIRI) бо дастгирии барномаи USAID “Навовариҳои иҷтимоӣ дар Осиёи Марказӣ” (SICA) лоиҳаи мубориза бо зулму шиканҷаи қазоқистониён, ки аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи давлатӣ роҳ дода мешавад, оғоз намуд. Даста як вебсайти таълимӣ ва як силсила видеоҳои ройгонро эҷод кард, ки ба зиёда аз 5000 нафар қурбониёни шиканҷа барои дарёфти низоми батадриҷи ҳифзи ҳуқуқҳои худ кӯмак намуд. Гузашта аз ин, ба шарофати дастгирии SICA, ташкилот барои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ силсилаи семинарҳо ва мизҳои мудаввар баргузор намуд, ки сазовори эътирофи ҷомеа гардида, дар зиёда аз 20 васоити ахбори омма ёдовар гардид.

“Ҳамааш аз эътирози густурдаи ҷомеа, пас аз ҳодисаҳои январи соли 2022 оғоз шуд, вақте ки далелҳои зиёди шиканҷа дар ВАО пайдо шуданд”, - мегӯяд ҳамоҳангсози лоиҳа Мирхат Серикбаев. “Аз теъдоди зиёди эътирозгарони аз ҷониби полис боздоштшуда, бисёреҳо қурбонии шиканҷа гардиданд, аммо шумораи аниқи онҳо маълум набуд, зеро мардум аз изҳор кардани шикоят метарсиданд. Мо хостем кӯмаки худро расонем, аз ин рӯ ман ва ҳаммаслаконам дар шабакаҳои иҷтимоӣ пахши мустақими худро оид ба тарзи ба расмиятдарории шиканҷа ва кӯмак ба қурбониён ва хешовандони онҳо ҷиҳати расонидани парвандаҳо ба додгоҳ ва ҷалб намудани диққати ҷомеи байналмилалӣ оғоз кардем”.

Вокунишҳо ба силсилаи хабарҳои шабакаҳои иҷтимоӣ дастаро ҳушманд сохт, ки бисёре аз қурбониёни шиканҷа ба роҳнамоии равонӣ ва ҳуқуқӣ эҳтиёҷ доранд. “Ба мо пойгоҳе лозим буд, ки тамоми маълумоти зарурӣ дар он ҷамъоварӣ карда шавад ва он барои қурбониёни шиканҷа муфид бошад", - мегӯяд Мирхат.

Даста ба ҷустуҷӯи дастгирии байналмилалӣ шурӯъ кард ва барои гирифтани гранти SICA “Innovative Solutions Grant” дархост пешниҳод намуд, ки имкониятҳои маблағгузории он рушди ташаббусҳои ҷамъиятиро ҷиҳати мусоидат ба тағйироти мусбӣ пешбарӣ менамояд. Гранти SICA ба ташкилоти EIRI имкон дод, ки веб-сомонае эҷод кунад, то барои қурбониёни шиканҷа кӯмаки ройгон пешниҳод намояд. Ҳоло тавассути веб-сомонаи www.pytkamnet.kz ҷабрдидагон метавонанд ба пойгоҳи ҳуқуқӣ дастрасӣ пайдо кунанд, кӯмаки ройгони равонӣ ва ҳуқуқӣ дархост намоянд ва дарсҳои видеоиро тамошо кунанд. Маводи дарсии он низоми тарзи ба расмиятдарории ҳолатҳои шиканҷа ва пешниҳоди шикоятҳоро ба созмонҳои маҳаллӣ ва байналмилалӣ шарҳ медиҳанд. Матлаби сомона он буд, ки ба қурбониёни шиканҷа, ки хомӯширо пеша кардаанд, оид ба созмонҳои байналмилалӣ, фаъолон ва ҳуқуқшиносонеро, ки омодаанд барои ғолибияти ҳақиқат ва адолат ба онҳо кӯмак кунанд, маълумот диҳад.

“Бархӯрди мо ҳамкориро бо ҳарду ҷонибе, ки дар низоъ ширкат доранд, дар назар дорад. Ҳадафи аввалиндараҷаи мо расонидани кӯмаки кофӣ ба онҳое, ки бар асари шиканҷа зарар дидаанд ва онҳоро оид ба роҳҳои имконпазири ҷустуҷӯи ҷуброни нақзи ҳуқуқашон хабардор сохтан аст”, - мегӯяд Мирхат. «Дар баробари ин, мо аҳамияти ҳамкориро бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ эътироф менамоем, ки барои баланд бардоштани огоҳӣ дар бораи он, ки истифодаи усулҳои тафтишоти ғайриқонунӣ, ба мисли шиканҷа, метавонад боиси оқибатҳои ҷиддие барои пешравии мансабии онҳо гардад».

Ба гуфтаи Мирхат, даста дар бархӯрд бо воқеияти ошкор намудани маълумоти оморӣ оид ба истифодаи ҳолатҳои шиканҷа ба мушкилоти ҷиддӣ рӯбарӯ шуд. Анара Ибраева, иштирокчии лоиҳа ва роҳбари ташкилоти Кадир-Касиет, қайд мекунад, ки сарфи назар аз шумораи зиёди шикоятҳо, дар соли 2020 нисбати кормандони полис ҳамагӣ 25 парванда оид ба истифодаи шиканҷа, дар соли 2021 ҳамагӣ панҷ парванда ва дар соли 2022 нисбати онҳо ду ё се ҳукм содир шудааст. "Тамоюли ҳамасола коҳиш ёфтани шумораи ҳукмҳо дар мавриди шиканҷа хеле ташвишовар ва нигаронкунанда мебошад, зеро воқеан кормандони полисро ба содир кардани шиканҷа ва беэътиноӣ ба қонун ташвиқ мекунад”, - меафзояд Мирхат.

Барои ҳалли ин масъала Мирхат бо ҳаммаслаконаш барои 50 корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ семинар ташкил намуд. Дар семинар, ки онро ҳомиёни ҳифзи ҳуқуқ, ҳуқуқшиносон ва адвокатҳо роҳбарӣ карданд, намояндагони Додситонии кулл, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва Эътилофи зидди шиканҷа ширкат доштанд. Дар машғулиятҳо машқҳои нақшбозӣ истифода шуданд, ки кормандони полис дар рафти онҳо “ба таври тасодуфӣ” нақшҳои «пурсишгарон» ва «гумонбарон»-ро иҷро мекарданд. “Аввалин” бо истифода аз усулҳои манипулятсионӣ “охирин”-ро “пурсиш” мекард. Ба гуфтаи Мирхат, чунин пурсиш ба кормандони ҳифзи ҳуқуқ имкон дод, ки худро ба ҷойи гумонбарон гузоранд ва моҳияти бозпурсии ваҳшиёна ва беадолатию шиканҷаро дарк кунанд. «Баъзе аз иштирокчиён изҳор карданд, ки семинар «мафкураи онҳоро тағйир дод», - қайд мекунад Мирхат. "Дар воқеъ, мо инчунин тавонистем ба онҳо бирасонем, ки ҳеҷ кас аз таъқиб эмин нест, аз ҷумла худи кормандони полис низ".

Ҷиҳати дигари мусбӣ дар он буд, ки бо қабули санадҳои нави қонунгузорӣ, кӯшишҳои дастаи EIRI бо мавқеи таҳаввулпазири қонунгузории Қазоқистон нисбати рафтори ғайриқонунии полис ҳамоҳанг гардиданд. Моҳи марти соли 2023 парлумон қонунеро қабул кард, ки дар асоси он кормандони полис бозпурсиҳоро бояд дар видео сабт кунанд. Илова бар ин, қонун идоракунии қисмҳои тиббии маҳбасҳоро аз Вазорати корҳои дохилӣ гирифта ба тобеияти Вазорати тандурустӣ вогузор кард. Ҳоло Додситонии кулл аз рӯи парвандаҳои сӯиистифода аз ваколатҳои пулис тафтишот бурда истодааст. “Қаблан Вазорати корҳои дохилӣ [Қазоқистон], ки фаъолияти полис низ таҳти салоҳияташ буд, мақоми асосие ба ҳисоб мерафт, ки ҷиҳати тафтиши ҳолатҳои шиканҷа ва сифати қисмҳои тиббии зиндонҳо масъул буд”, - шарҳ медиҳад Мирхат. "Возеҳ аст, ки вақте як мақоми воҳид худро тафтиш мекунад, шояд майли ба ҷавобгарӣ кашидани ҳамкорони худро пеша накунад. Ҳоло, ки ин масъулият ба зиммаи дигар мақомоти дахлдор вогузор шудаанд, бо эътимод изҳор кардан мумкин аст, ки тағйироти мусбӣ дар пешанд".

Лоиҳаи EIRI алҳол фикру мулоҳизаҳои мусбии иштирокчиёнро ба даст овардааст. Ташкилот барои пешбурди равиши ҳамоҳангшуда ва гуногунҷанбаи мубориза бо шиканҷа, инчунин бо ҷонибҳои муҳими манфиатдор, ба монанди Додситонии кулл, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва Эътилофи зидди шиканҷа муносибатҳои шарикӣ ба роҳ мондааст. Барои Мирхат ва ҳаммаслакони ӯ пайвастан бо ин муассисаҳо иқдоми муҳим ба сӯи муваффақият мебошад.

"Мо аксар вақт фаромӯш мекунем, ки дар ҳар ҷониби муноқиша одамон мавҷуд ҳастанд. Барои ҳалли самараноки масъала мо бояд бо ҳарду ҷониб муколамаи фаъол барпо кунем", - таъкид мекунад Мирхат. "Ҳадафи мо мубориза бурдан бо истифодаи шиканҷа аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ба ҷавобгарӣ кашидани онҳо мебошад. Ман ба таври ҷиддӣ тасмим гирифтаам, ки вазъ таври мусбӣ тағйир пазирад".

Лоиҳаи USAID ташаббусҳои соҳаи тандурустиро дар минтақаи офатҳои экологӣ дастгирӣ мекунад
Learn more Learn more
Хатмкардаи Мактаби тадқиқоти сиёсӣ, ки аз ҷониби USAID маблағгузорӣ мешавад, барои 200 нафар донишҷӯён курси ройгон оид ба низоми хариди давлатиро оғоз мекунад
Learn more Learn more

Бо мо тамос гиред:

Оид ба ҳамаи масъалаҳои дигар:

Алмаато, Қазоқистон
Хиёбони Сейфуллин, 609
Ошёнаи 3, Маркази соҳибкории “Форум”

error icon

Номи худро ворид кунед

error icon

Суроғаи почтаи электронии дурустро ворид кунед

error icon

Паёми худро ворид кунед

Сипос!