Мадина Ергалиева тайи 21 сол ташкилоти ҷамъиятии “Initiative Support” (Дастгирии ташаббус) -ро роҳбарӣ мекунад, ки оид ба ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ кор мебарад. То имрӯз Мадина ҷиҳати беҳтар кардани вазъи системаи тандурустӣ, тавсеаи дастрасии шаҳрвандони Қазоқистон, аз ҷумла сокинони минтақаи офати экологии баҳри Арал ба хизматрасонии тиббӣ мусоидат мекунад. Мадина, ки дар Қизилӯрда - шаҳрест воқеъ дар ҷануби Қазоқистон, дар наздикии баҳри Арал зиндагӣ мекунад, таъсири бевоситаи мушкилоти экологиро ба ҳаёти маҳаллӣ хуб медонад. Солҳост, ки равандҳои бебозгашти таназзули муҳити зист дар натиҷаи хушкшавии баҳри Арал шароити зиндагӣ ва вазъи экологии минтақаро бадтар мекунанд.
“Мардуми минтақаи назди баҳри Арал аз сабаби номусоид будани вазъи экологӣ, ба бемориҳои зиёд гирифтор мешаванд. Новобаста аз он, ки давлат табобатхонаҳоро пайваста муҷаҳҳаз намояд ҳам, мутаассифона сифати муолиҷа ҳоло ҳам беҳтар нашудааст. Дар минтақа духтурони баландихтисос комилан намерасанд, мардуми оддӣ бошад, аксар вақт аз ҳуқуқҳои оддӣ барои гирифтани кӯмаки тиббии тахассусӣ бехабаранд”, - қайд мекунад Мадина. “Мо мехостем, ки ба одамон дар навиштани муроҷиатҳо ба мақомоти давлатӣ ва таъмин кардани ғамхорӣ ба ниёзмандони вилояти Қизилӯрда ва саросари кишвар кӯмак расонем”.
Мадина медонист, ки ташкилоти ӯ бе ҳамкорӣ бо мақомоти идоракунанда наметавонад аз ӯҳдаи кор бо чунин низоми мураккаб ба мисли муассисаҳои тандурустӣ барояд. Ҳамин тариқ, аввалин қадами муҳим барои созмони “Дастгирии ташаббус” ташкил кардани муколамаи созанда бо мақомоти давлатӣ ба ҳисоб мерафт. Дар соли 2020 ташкилоти “Дастгирии ташаббус” дар доираи барномаи “Навовариҳои иҷтимоӣ дар Осиёи Марказӣ” (SICA) “Грант барои ҳалли масъалаҳои инноватсионӣ”, ки аз ҷониби USAID маблағгузорӣ мешавад, аудити иҷтимоии бахши тандурустии вилояти Қизилӯрдаро анҷом дод. Аз рӯи натиҷаҳои тафтиш даста 30 тавсияро оид ба беҳтар намудани системаи тандурустӣ тартиб дод. Ин тавсияҳо барои баррасӣ ба Ҳукумат ва Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон фиристода шуданд. Аммо ғайричашмдошт ба таъхир андохта шудани раванди баррасӣ ва муҳокимаи тавсияҳо дар Парламент ба пешравии раванд монеаи сахт эҷод кард.
“Дар аввал мо рӯҳафтода шудем, зеро натавонистем лоиҳаро бо натиҷаҳои дилхоҳ ба анҷом расонем. Мо медонистем, ки тавсияҳои пешниҳодкардаи мо барои ҳалли баъзе масъалаҳое, ки системаи тандурустии кишвар бо онҳо сарукор дорад, муҳиманд ва тасмим гирифтем, ки ҳадафи худро барои татбиқи онҳо идома диҳем”, - мегӯяд Мадина.
Тавассути гранти дуюми барномаи SICA “Innovative Solutions”, гурӯҳ тавсияҳои худро дар шакли харитаи роҳ бо нишон додани буҷети дақиқ, муҳлатҳои иҷро ва рӯйхати мақомоте, ки барои беҳтар кардани системаи тандурустии Қазоқистон масъуланд, таҳия намуд. Харитаи роҳ ҷиҳати беҳтар намудани панҷ самти асосии соҳаи тандурустӣ равона карда шудааст: таҳияи барномаи ҷалби мутахассисон ба вилояти Қизилӯрда, баланд бардоштани стандартҳои назорати сифати лабораторияҳои тиббӣ дар саросари кишвар, такмил додани замимаи барномаи мобилии “Тандурустӣ”-и Қазоқистон, барқарорсозии клиникии занони гирифтори мушкилоти баъди таваллуд ва пурзӯр кардани назорат барои решакан кардани фасодкорӣ. Ҳоло аз тарафи мақомоти давлатӣ қариб 80 фоизи ин тавсияҳо мавриди иҷро қарор гирифтаанд.
Ба шарофати Гранти “Innovative Solutions” ташкилоти “Дастгирии ташаббус” тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ маъракаи иттилоотии васеъро оид ба ҳуқуқҳои одамон ба ҳифзи тандурустӣ анҷом дод, ки зиёда аз 200 000 нафар одамонро дар вилояти Қизилӯрда фаро гирифт. Онҳо инчунин дар ташкили силсилаи семинарҳо барои 25 нафар физиотерапевтҳо ва мутахассисон- реабилитологҳои дармонгоҳҳои Қизилӯрда, бо иштироки кинезитерапевти олмонӣ Эвелин Эбингер кӯмак расониданд, ки дар тӯли 20 рӯз ба мутахассисони маҳаллӣ усулҳои муосири барқарорсозии узвҳои ҳаракатро таълим дод.
“Гарчанде ба ман лозим меомад, ки ҳар рӯз 180 километр масофаро тай кунам [барои иштирок дар дарсҳо бо Эвелин], ман ҳеҷ як машғулиятро аз даст надодам”, — мегӯяд Сакип, духтури ноҳияи Қармақшӣ. “Ҳамчун мутахассисон, мо набояд ҳеҷ гоҳ омӯзишро қатъ кунем ва ман хеле шодам, ки чунин имконияти беназире доштам, ки дар бораи тамоюлҳои глобалии табобат ва барқарорсозии беморон ба таври ройгон маълумот ба даст орам”.
Мадина якҷо бо дастаи худ саъй мекунад, ки вазъи саломатиро дар минтақаҳои аз ҷиҳати экологӣ номусоид, ба мисли вилояти Қизилӯрда ва инчунин дар тамоми Қазоқистон беҳтар созад. "Ман хеле умед дорам, ки ташкилоти “Дастгирии ташаббус” огоҳии мардумро дар бораи ҳуқуқҳои онҳо [ба табобат] афзун менамояд ва инчунин сифати хизматрасонии тиббиро дар саросари Қазоқистон беҳтар мекунад", - мегӯяд Мадина.
Оид ба ҳамаи масъалаҳои дигар:
Алмаато, Қазоқистон
Хиёбони Сейфуллин, 609
Ошёнаи 3, Маркази соҳибкории “Форум”
Сипос!