Наталя Плотникова хуб медонад, ки зиндагии одами маъюб то чӣ андоза метавонад маҳдуд ва маҳфуз гардида бошад. Гап дар он, ки дар синни 11-моҳагӣ ӯ аз болои миз афтода, сутунмӯҳрааш шикаста буд. Аз он вақт то инҷониб вай асо ва аробачаи маъюбиро истифода мебарад. Дар соли 2000-ум Наталя барои занони маъюб ҷамъияте бо номи “Opa Singillar” (Хоҳарон) таъсис дод, ки ташкилоти ғайритиҷоратӣ буда, ба занон ва духтарони маъюби сокини ноҳияи Қибрай (наздикии шаҳри Тошканди Ӯзбекистон) кӯмаки ҳуқуқӣ ва равонӣ мерасонад ва ҷиҳати такмили малакаи онҳо семинарҳо мегузаронад. Мушкилоти маблағгузорӣ тайи солҳои зиёд ба рушди ташкилот монеа эҷод мекард. Ба шарофати грант ҷиҳати рушди институтсионалии (IDG) лоиҳаи USAID оид ба “Навовариҳои иҷтимоӣ дар Осиёи Марказӣ” (SICA) Наталя бо кормандонаш нақшаи нави стратегиро таҳия ва татбиқ намуданд, ки он ба афзоиши шумораи баҳрабардорон ва донорҳои ташкилот мусоидат мекунад. Грант инчунин ба Наталя имкон дод, ки коргоҳи худро пурра таъмир кунад, то баҳрабардорони дорои аробаҳои маъюбӣ ба коргоҳ бемонеа омада тавонанд.
Наталя ба хотир меорад, ки чӣ гуна орзуи узви ҷомеа будан ӯро аз замони душвори кӯдакӣ роҳнамоӣ мекард. “Ман баъзе хотираҳои аввалини худро хуб дар ёд дорам. Масалан вақте дар як ҳуҷра танҳо мехобидам ва мешунидам, ки дар берун кӯдакон хандаю бозӣ ва хурсандӣ мекунанд”, мегӯяд ӯ. “Дар ёд дорам, ки чӣ тавр мехостам ман ҳам яке аз онҳо бошам ва ҳамсолонам маро низ ба давраи худ қабул кунанд. Ман он вақтҳо орзу мекардам, ки рӯзе ба воя мерасам ва кори муфид ва муҳиме аз дастам меояд ва атрофиён ниҳоят маро чӣ гунае ҳастам, ҳамон хел қабул мекунанд”.
Имрӯз Наталя бо ифтихор изҳор менамояд, ки орзуҳои ӯ амалӣ шуданд ва дар кору роҳбарии “Opa Singillar” - маркази ҷамъиятии бароҳат ва кӯмакрасон, ки онро аксарияти занон ва духтарони дорои маълулиятҳои равониву ҷисмонӣ дар саросари Қибрай хонаи дуюми худ меноманд, таҷассум меёбанд.
Ҳамзамон, Наталя қайд мекунад, ки маркази “Opa Singillar” на ҳамеша чунин муваффақ буд. То моҳи октябри соли 2022 ташкилот 10 маротиба суроғаи худро иваз кард. Ҳеҷ яке аз маконҳо ба ниёзҳои мизоҷони ташкилот мувофиқ набуд. Ахиран ташкилот дар як биное буд, ки дар “ҳолати фарсуда” қарор дошт, қубури гармидиҳии марказӣ надошт ва дар фасли зимистон гузаронидани машғулияту семинарҳо дар онҷо ғайриимкон буд. “Аксарияти ниёзмандони нав ва волидони онҳоро маҳз ҳамин шароти номусоид аз ташкилот дур мекард ва баъзеҳо бо ҳамин сабаб дигар барнамегаштанд”, - мегӯяд Наталя. Барои ман фаҳмо буд, ки мо бояд барои тағйир додани ин ҳолат маблағ пайдо кунем”.
Дар соли 2022 ташкилоти Наталя ғолиби грант оид ба рушди институтсионалии SICA шуд. Коршиносони SICA ҳайати ташкилотро дар самти ҷамъоварии маблағ ва рушди стратегӣ омӯзониданд, ки ба онҳо имкон дод, то фаъолияти ҷории “Opa Singillar”-ро ба таври ҷиддӣ мавриди таҳлил қарор диҳанд ва нақшаи нави стратегияи рушдро таҳия кунанд. Ин нақшаи нав ба такмили хизматрасонӣ, таблиғ ва ҷамъоварии маблағ тамаркуз мекунад. Муҳимтар аз ҳама, ташкилот таъмири асосии бинои марказро анҷом дода, онро бо назардошти системаи гармидиҳӣ, имконияти гузариши аробачаҳои маъюбӣ, якчанд студияи нав ва ошхона барои гузаронидани машғулиятҳо муҷаҳҳаз намуд.
Тағйирот дарҳол муваффақиятҳо овард. Танҳо дар муддати як моҳи навсозӣ, сатҳи иштирок дар машғулиятҳои ташкилот ду маротиба - аз 6 ё 7 иштирокчӣ ба зиёда аз 15 нафар расид. Дар утоқҳои таъмиршуда устохонаҳои нав дар соҳаи санъати кадбонугӣ, расонидани кӯмаки психологӣ ва курсҳои дӯзандагӣ ба кор даромаданд. Моҳи октябри соли 2022 даста ифтитоҳи расмии марказро баргузор кард. Инъикоси васеи чорабинӣ дар васоити ахбори омма шумораи зиёди хоҳишмандонро барои узвият дар ташкилоти “Opa Singillar” ҷалб намуд.
Гулфия Калимулина, ҳамоҳангсози лоиҳа дар “Opa Singillar” мегӯяд: “Хеле хурсандиовар аст, ки коргоҳи мо ниҳоят таъмир карда шуд, зеро он ба фаъолияти мо таъсири мустақим дорад. Ҳоло, ки бино барои мизоҷони мо гарму роҳат аст, метавонем доираи хизматрасониҳои худро васеъ кунем ва барои кор бо одамони ниёзманд имкониятҳои нав фароҳам орем”.
Наталя қайд мекунад, ки Барномаи рушди институтсионалии SICA барои кормандони ташкилот на танҳо бинои таъмиршудашуда, стратегияи таҷдидгардида ё семинарҳои омӯзиширо муҳайё кард. "Муҳимтарин чизе, ки мо ба даст овардем, дурнамои комилан тағйирёфтаи рушди ташкилот аст. Мо чӣ гуна ба манфиати худ истифода бурдани имкониятҳоро омӯхтем”, - мегӯяд ӯ. Дар нимаи дуюми соли 2022 андозаи маблағҳои ҷалбнамудаи ташкилот ду баробар афзуд, ба ташкилот якчанд донори нав ҷалб гардид, ки дар натиҷа якчанд намуди хизматрасонӣ ва таҷҳизот, аз ҷумла кондитсионер ва камераҳои мушоҳидаи беруниро ба таври ройгон пешниҳод карданд.
«Рисолати ман – тавсеа додани ҳуқуқ ва тавоноии духтарони имкониятҳои маҳдуд доштаи ӯзбек, илҳомбахшӣ ба онҳо барои беҳтар кардани назари онҳо ба худ мебошад. Вақте мебинам, ки духтарони чашмонашон аз навмедиву шарм пайваста ба фарш нигаронида ба ташкилот меоянд, ва ниҳоят ба орзуҳои худ расида, бо касбҳои дӯстдоштаи худ машғул мешаванд, чунин таҳаввулот маро ҳамеша ба ваҷд меорад”, - хулоса мекунад Наталя. «Мушоҳида кардани ҳолате, ки духтарон то чӣ андоза бузург ва пур аз имкониятҳо будани ҷаҳони берун аз маҳаллаи (ноҳияи) худро дарк мекунанд, ки метавонанд куҷое хоҳанд таҳсил намоянд ва дар ҷодае, ки хоҳанд, фаъолият намоянд, ба ман фараҳ мебахшад. Ман аз гранти пешниҳодшуда барои рушди институтсионалӣ, ки барои беҳтар кардани хизматрасониҳои мо мусоидат намуд, хеле миннатдорам”.
Оид ба ҳамаи масъалаҳои дигар:
Алмаато, Қазоқистон
Хиёбони Сейфуллин, 609
Ошёнаи 3, Маркази соҳибкории “Форум”
Сипос!