Open menu Close menu

Ҳикояҳои муваффақияти SICA

Ташкилоти ғайритиҷоратӣ таҷрибаи муҳокимаҳои ҷамъиятиро пеш мебарад, ҷиҳати демократикунонии фаъолияти шӯроҳои ҷамъиятӣ дар Ӯзбекистон саъй менамояд.

Маъруф Алиев шахсияти номдор ва шинохтаи ҷамъиятии Қӯқанд (Ӯзбекистон) мебошад, ки ба ӯ дар соли 2019 роҳбарии Шӯрои ҷамъиятии навтаъсиси назди ҳукумати (маъмурияти шаҳрии) Қӯқандро пешниҳод намуданд. “Он замон шӯроҳо як падидаи наве буданд, ки барои татбиқи низоми дар Қонун дар бораи назорати ҷамъиятӣ муқарраршуда [аз соли 2018], таъсис меёфтанд”, - қайд мекунад Маъруф. Шӯроҳои ҷамъиятӣ он вақт бо мақсади кам кардани фосилаи байни ҷомеа ва давлат ташкил мешуданд, ҳамзамон Маъруф дере нагузашта пай бурд, ки воқеият аз ҳадафҳои олӣ хеле дур аст.

Маъруф дарк мекард, ки набудани низоми муайяни корӣ ва расмиёти ташкилӣ метавонад фаъолияти шӯрои таъсисдодаашро ба таври ҷиддӣ халалдор созад. «Аз рӯи қоидаҳои қабулшуда мо бояд фаъолияти худро ба таври ихтиёрӣ ба роҳ мемондем, ва ин маъноеро дошт, ки мо ҳуқуқи ба кормандон додани маошро надорем ё ҳатто барои харидани чунин чизҳои оддӣ, ба монанди маводи канселярӣ маблағе пардохт кунем», - мегӯяд Маъруф. «Дар байни кормандони созмон намояндагони ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ мавҷуд набуданд, воқеан касе набуд, ки аз вазъи ҷомеаи шаҳрвандӣ бохабар бошад ва онро назорат кунад. Мо мефаҳмидем, ки барои ба кор даровардани ин муҳаррик, тамоми вазъи мавҷуда бояд тағйир пазирад».

Кӯшиш ва тасмимҳои Маъруфро ҷиҳати баланд бардоштани самаранокии фаъолият ба роҳбарӣ гирифта, гурӯҳи Шӯрои ҷамъиятии Қӯқанд нақшаи кории худро тартиб дод, сохтор, оиннома ва кодекси одоби ташкилотро таҳия кард. Аъзои ташкилот инчунин исрор доштанд, ки шӯро мақоми расмиро соҳиб гардад, ки ин барои онҳо, аз ҷумла имконияти ҳуқуқи пардохти маошро таъмин намояд. Вақте ки Маъруф ва дастаи ӯ дигаргунсозии шӯроро анҷом медоданд, онҳо кӯшиш намуданд, ки иштирокчиёнро аз ташкилотҳои гуногун, аз ҷумла созмонҳои ғайритиҷоратӣ ҷалб намоянд.

Дар соли 2021 даста ғолиби грант оид ба татбиқи навовариҳо гардид, ки дар доираи барномаи «Навовариҳои иҷтимоӣ дар Осиёи Марказӣ» (SICA) аз ҷониби USAID маблағгузорӣ карда мешавад. Грант ба даста имкон дод, ки лоиҳаи «Ба истиқболи дарёфти роҳҳо тавассути муколама»-ро таҳия карда, дар доираи он 19 аъзои ташкилотро оид ба идоракунии шӯроҳои ҷамъиятӣ ва ташкил кардани муҳокимаҳои ҷамъиятӣ оид ба масъалаҳои гуногун омӯзонад.

“Тавассути муҳокимаҳои ҷамъиятӣ, мо ҷиҳати доир намудани мубоҳисаҳои васеи ҷамъиятӣ дар атрофи масъалаҳои муҳим мусоидат менамоем. Мо дар бораи масъалаҳои ҳуқуқи занон, бекорӣ дар байни ҷавонон, эмгузаронии COVID-19 ва ғайра сӯҳбатҳо ташкил мекунем”, - мегӯяд Маъруф. Баъди ба муҳокимаҳо ҷалб намудани ҷомеаи васеъ, шӯроҳо оид ба роҳҳои беҳтар кардани вазъият ба мансабдорони давлатӣ тавсияҳо пешниҳод менамоянд. Ҳокимият таклифҳоро мавриди баррасӣ қарор дода, чун қоида баъзеи онҳоро мавриди амал қарор медиҳад. «Вазифаи мо ин аст, ки раванди муҳокимарониҳоро ташкил карда, масъалаҳоро хуб таҳқиқ созем ва ба роҳбарият тавсияҳо пешниҳод намоем», - шарҳ медиҳад Маъруф.

Ин иқдомоти омӯзишӣ то дараҷае муассир гардид, ки маъмурияти вилоят аз ташкилоти Маъруф хоҳиш кард, то малака ва донишҳои худро бо дигар шӯроҳои ҷамъиятии минтақа мубодила намоянд. Ҳоло таҷрибаи Шӯрои Ҷамъиятии Қўқандро 18 шӯрои ҷамъиятии маъмурии вилояти Фарғона дар амал татбиқ карда истодаанд.

«Бештар аз ҳама ман аз он ифтихор дорам, ки мо воқеан мансабдоронро ҳисоботдиҳандаи мардум намудем. Мо пайвандгари байни давлат ва ҷомеа гардидем. Ҳоло ҷомеа ҳангоми ба миён гузоштани масъалаҳои муҳим [дар вақти зарурат], ба мо муроҷиат мекунанд”, - хулоса мекунад Маъруф.

Лоиҳаи USAID ташаббусҳои соҳаи тандурустиро дар минтақаи офатҳои экологӣ дастгирӣ мекунад
Learn more Learn more
Хатмкардаи Мактаби тадқиқоти сиёсӣ, ки аз ҷониби USAID маблағгузорӣ мешавад, барои 200 нафар донишҷӯён курси ройгон оид ба низоми хариди давлатиро оғоз мекунад
Learn more Learn more

Бо мо тамос гиред:

Оид ба ҳамаи масъалаҳои дигар:

Алмаато, Қазоқистон
Хиёбони Сейфуллин, 609
Ошёнаи 3, Маркази соҳибкории “Форум”

error icon

Номи худро ворид кунед

error icon

Суроғаи почтаи электронии дурустро ворид кунед

error icon

Паёми худро ворид кунед

Сипос!