Open menu Close menu

Ҳикояҳои муваффақияти SICA

Баргардон ва маблағ ба даст ор, ва ё чӣ тавр сокинони деҳотро ба коркарди партов метавон одат кунонд

Аксарияти одамон бесаброна фарорасии мавсими гарми солро интизоранд ва ҳама чизеро, ки аз ҳавои хуб умед карда метавонанд, орзу доранд, аммо на Владислав. Гап дар он аст, ки Владислав дар наздикии партовгоҳи шаҳр зиндагӣ мекунад ва маҳз дар мавсими гарм, вақте ки партовҳо дар зери офтоби тафсон пусида, бӯйи баде мебароранд, Владислав ва ҳамсоягонаш маҷбуранд ба он тоб оваранд, зеро бо ин бӯйи бад коре карда наметавонанд. "Дар чунин шароит зиндагӣ кардан хеле душвор аст" иқрор мешавад ӯ. "Мавриде фаро мерасад ва шахс мефаҳмад, ки бояд амале кард ва чизеро тағйир дод."

Vladislav at EcoCashBack premises

Владислав масъаларо омӯхт ва маълум шуд, ки тақрибан 80 дарсади ашёи такрории Қазоқистон ба монанди он партовҳое, ки дар назди манзилаш дар Оқсукент аст, коркард намешавад . Ба ақидаи ӯ, дар сурати беҳтар намудани маърифати экологӣ ва рафтори дуруст, имкон дорад муносибати аҳли ҷомеаро нисбати коркарди партовҳо тағйир дод.

Соли 2018 Владислав ташкилоти “Generation”-ро таъсис дод, ки бо истихроҷи ашёи такрорӣ аз партовҳои коркардшуда машғул аст. Сипас ӯ ташаббусеро бо номи “Eco-Cashback” оғоз бахшид. Дар доираи барномаи “Eco-Cashback”-и ташкилоти “Generation”, сокинони Оқсукент метавонанд дар яке аз чаҳор марказҳои маҳаллии қабули ашёи такрорӣ партови маиширо коркард ва ҷудо карда, пул кор кунанд.

Сараввал дар доираи лоиҳа миёни аҳолӣ маъракаи иттилоотӣ оид ба аҳамияти коркарди партовҳо бомуваффақият гузаронида шуд. «Ба шарофати фаъолияти “Eco-Cashback”, сокинон ҳоло дарк кардаанд, ки партов ҳам ашёи хоми арзишманде аст, ки метавонад манбаи молиявӣ бошад, - мегӯяд Владислав, - фикрҳои миёни ҷомеа ҷойдошта тағйир ёфтанд ва аҳолӣ ба коркарди фаъолонаи партовҳо шурӯъ кард. Қишлоқи мо хеле тозаю озода гардид».

Vladislav at EcoCashBack premises

Пас аз дастгирии ташаббуси ӯ аз ҷониби ҳамдеҳагон, Владислав дар Барномаи рушди институтсионалӣ (IDP) лоиҳаи USAID “Навовариҳои иҷтимоӣ дар Осиёи Марказӣ (SICA) иштирок намуд. IDP созмонҳоро ба монанди “Generation” бо коршиносону мураббиён барои таҳия ва иҷрои нақшаҳои стратегӣ муттаҳид месозад. Коршиносони SICA ба Владислав дар таҳлили тарафҳои қавӣ ва заифи фаъолият ва муайян кардани имкониятҳои рушд кӯмак карданд.

«Бо дастгирии IDP ман фаҳмидам, ки бояд як ширкате таъсис диҳам, ки барои ҷамъоварии ашёи такрорӣ дар ташкилотҳо, корхонаҳо, биноҳои истиқоматӣ ва маҳалҳои истиқоматӣ ҳамаҷониба хизмат расонад», - мегӯяд Владислав.

Таҳти роҳбарии дақиқи коршиносони IDP, Владислав дархости лоиҳавӣ ирсол кард ва ғолиби гранти “Social Idea Accelerator” дар доираи барномаи SICA гардид. Ин маблағ ба ӯ имкон дод, ки фаъолияти худро тавсеа диҳад ва ҷараёни кори худро тавассути хариди таҷҳизоти нав беҳтар кунад.

Имрӯзҳо қуттиҳои ҷамъоварии ҷудогонаи партовҳои “Generation”-ро қариб дар ҳар гӯшаи Оқсукент дидан мумкин аст. Владислав аз муваффақияти худ рӯҳбаланд гардида, тайёр аст корҳои бештареро анҷом диҳад. Малакаҳои идоракунии лоиҳа ва банақшагирии стратегиро дар IDP омӯхта, ӯ нақша дорад лоиҳаҳои навро оид ба коркарди партовҳои ғизоӣ ва сарфаи об роҳандозӣ намояд.

Лоиҳаи USAID ташаббусҳои соҳаи тандурустиро дар минтақаи офатҳои экологӣ дастгирӣ мекунад
Learn more Learn more
Хатмкардаи Мактаби тадқиқоти сиёсӣ, ки аз ҷониби USAID маблағгузорӣ мешавад, барои 200 нафар донишҷӯён курси ройгон оид ба низоми хариди давлатиро оғоз мекунад
Learn more Learn more

Бо мо тамос гиред:

Оид ба ҳамаи масъалаҳои дигар:

Алмаато, Қазоқистон
Хиёбони Сейфуллин, 609
Ошёнаи 3, Маркази соҳибкории “Форум”

error icon

Номи худро ворид кунед

error icon

Суроғаи почтаи электронии дурустро ворид кунед

error icon

Паёми худро ворид кунед

Сипос!