Open menu Close menu

SICA Success Stories

ТАЪРИХҲОИ МУВАФФАҚИЯТ

Жаннур Айипи шонздаҳсола ҳамеша аз назди шрифти Брайл дар нишондиҳандаҳои кӯча мегузашт, намефаҳмид, ки ин аломатҳо чӣ маъно доранд ва чӣ тавр одамон аз он истифода мебаранд. "Ман шрифти Брайлро дар ҷойҳои ҷамъиятӣ дидам ва аввал ба он аҳмияти махсус намедонам", мегӯяд ӯ. "Вале вақте ман оиди ин масъала бештар фикр мекардам, фаҳмидам, ки олами мо барои одамони бо вайроншавии босира мутобиқ он қадар мутобиқ нест". Жаннуро муамморо бештар омӯхт ва донист, ки ба соли 2050 шумораи одамон бо вайроншавии босира дар ҷаҳон тақрибан се маротиба бештар мешавад ва ба 117 миллион мерасад. Ӯ дарк кард, ки беҳуда нишастан мумкин нест ва қарор кард, ки ӯ барои иҷроиши супоришҳои нав омода аст.

Жаннур ба курс оид ба коркарди таъминоти барномавӣ бо коди аввалаи кушод худро нависонд, ки онро хазинаи "Girls Power", ки бо васеъкунии ҳуқуқҳо ва имконияти занон машғул аст, мегузаронид. Ӯ ва боз 44 духтарони мактабхон ин курсҳоро бо шарофати гранти "Ҳаллҳои инноватсионӣ"-и барномаи Агентии ИМА оид ба рушди байналхалқӣ (USAID) "Инноватсияҳои иҷтимоӣ дар Осиёи Марказӣ" (SICA), ки аз ҷониби "Хазинаи Авруосиё" амалӣ мегардад, шунавида тавонистанд. Аз август то октябри соли 2021 духтарон нисбатан зуд коркард кардани лоиҳаҳо бо истифода аз платформаи барномарезии рақамӣ бо коди аввалаи кушодаро омӯхтанд. Баъдан омӯзгорон аз онҳо амалӣ намудани ин лоиҳаҳо ва малакаҳои гирифташударо хоҳиш намуданд, то ки ба тағйиротҳо дар ҷамъиятҳои худ мусоидат намоянд. Жаннур дарҳол фаҳмид, ки аз болои таъмини дастрасӣ ва интегратсияи одамон бо вайроншавии босира кор кардан мехоҳад.

The Braille Board developers showcasing their awards

"SICA" ба "Girls Power" пакетҳои нави барномаҳо ва маблағгузориро барои паҳнкунии мини-грантҳо байни иштирокчиён пешкаш намуд. Жаннур яке аз панҷ иштирокчиёни барои гирифтани маблағгузорӣ ба оғози лоиҳаи худ интихобгардида буд. Ӯ офаридани дастгоҳи оддиро фикр кард, ки ба одамон бо босираи сустшуда барои зуд чидани матн ва муошират бо ёрии ҳарфҳои Брайл ёрӣ бояд медод. Фикр кардам: "Барои чӣ клавиатураи хурдеро бо шаш тугма, ки ба нуқтаҳои символҳои Брайл мутобиқат дорад, офаридан мумкин нест? Бо ёрии ин дастгоҳ одамон ҳарфҳо ва символҳоро аниқ он тавре, ки дар шрифти Брайл ҳаст, ворид карда ва пурсамартар муошират карда метавонанд", - мегӯяд Жаннур.

Вале оиди қобилияти худ ба барномарезӣ фикр кард, ки барои анҷоми бомуваффақияти лоиҳа муҳим будаанд. Бо шарофати мураббияти доимии "Girls Power", Жаннур бо коршиноси 16-сола оид ба барномарезӣ Данияр Чутенов муттаҳид гардид.

Даста ҳамҷоя соатҳои зиёдеро баъд аз мактаб гузаронида, модели аввалини клавиатураи Брайлро коркард карданд ва офариданд. Онҳо хеле шод шуданд, вақте ки ниҳоят аввалин прототипи коркунанда - дастгоҳи ба таври кофиеро офариданд, ки дар кафи даст ҷой мешуд. Жаннур ва Данияр клавиатураро дар китобхонаи шаҳри Актобе, ки дар он ҷо захираҳои махсусгардидонидашуда барои одамони кӯр ва босираашон суст мавҷуд аст, санҷиданд.

Zhannur with her team members posing for a photo

"Он вақте, ки мо дастгоҳи худро ба сарвари китобхона пешкаш кардем, ӯ онро ба дасташ гирифт ва дар он бе ягон дастурамал чоп карданро оғоз кард. Ин моро шод кард, барои он, ки ин маънои онро дошт, ки фаҳмиши дастгоҳи мо осон ва барои одамоне, ки шрифти Брайлро медонанд, осон аст", - мегӯяд Жаннур.

Китобхона дастгоҳро ба худ ба як ҳафта гузошт, баъдан онро ба Жаннур ва Даният бо тавсияҳо оиди беҳтаргардонӣ баргардонид. Даста аллакай коркарди дисплейи навро дар нақша дорад ва ҷойҳои навро барои санҷиши дастгоҳ фикр мекунад, то ки намуди зоҳирии он ва қулайии истифодабариро беҳтар кунад.

Жаннур ва Данияр боз як қадам пештар рафтанд ва дар Олимпиадаи байналхалқии виртуалии #ExpoSciences, ки дар Мехико баргузор гардид, иштирок карданд. Онҳо байни дастаҳо аз тамоми ҷаҳон дар тоифаи техникаи компютерӣ ва роботӣ баромад карданд, ки "Тахтаи Брайл" медали нуқрагинро соҳиб шуд.

Бо дастгирии "SICA" ташкилот "Girls Power" ба духтарон аз ноҳияҳои деҳавии Ҷумҳурии Қазоқистон имконияти ройгон гузаштани омӯзиши информатика ва робототехника ва пурра амалӣ намудани иқтидори худро медиҳад. Бо дастгирии ташкилотҳои ба монанди "Girls Power", "USAID" ба рушди насли нави пешсафони инноватсионӣ ва соҳибкорони иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон ёрӣ медиҳад.

Жаннур дарк мекунад, ки ба ӯ иҷроиши миссияи муҳим дар пеш аст. Ӯ ва Данияр дар ҷараёни патенткунии лоиҳаи худ қарор доранд, ки ба паҳншавии баъдинаи он ва ёрӣ додан ба миқдори зиёди одамон дар солҳои наздиктарин мусоидат хоҳад кард. Бо фикркунӣ оиди лоиҳаи худ ва таъсири он, Жаннур мегӯяд: "Новобаста аз қобилияти одам, мо ҳамеша бояд ҳиссаи худро ба беҳтаркунии ҷамъият гузорем ва ба якдигар ёрӣ расонем".

Тренингҳои омӯзиши касбии маъюбон дар Қазоқистон
Learn more Learn more
Expanding Youth Employment
Лоиҳаи "Касбҳои умедбахши оянда" мушкилоти бекории ҷавонони Қазоқистонро ҳал мекунад
Learn more Learn more

Бо мо тамос гиред:

Оид ба масъалаҳои ВАО:

+7 705 102 93 93

Оид ба ҳамаи масъалаҳои дигар:

Алмаато, Қазоқистон
Хиёбони Сейфуллин, 609
Ошёнаи 3, Маркази соҳибкории “Форум”

+7 727 313 23 98; +7 775 884 87 78

error icon

Номи худро ворид кунед

error icon

Суроғаи почтаи электронии дурустро ворид кунед

error icon

Паёми худро ворид кунед

Сипос!